ТАНТАНАИ ИХТИРОЪКОРОНИ ТОҶИК ДАР ЧИН
Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише,
Биёбӣ зи ҳар донише ромише.
Абулқосим Фирдавсӣ
Илми муосири Тоҷикистон бори дигар дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардид. Намояндагони илму тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии ихтироот (12th International Exhibition of Inventions), ки рӯзҳои 21-23 августи соли 2026 дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардид, шарафи кишварро боло бардошта, сазовори ҷоизаҳои нуқраву тилло шуданд.
Дар ин форуми бонуфузи илмӣ, ки садҳо олимону навоваронро аз гӯшаву канори ҷаҳон ба ҳам овард, лоиҳаҳои инноватсионии олимони тоҷик таваҷҷуҳи хоси ҳакамонро ҷалб намуда, баҳои баланд гирифтанд:
Давлатмамадова Мавлуда Мамадниёзовна — номзади илмҳои техникӣ, декани факултети фармасеветии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ сазовори Медали тилло ва Ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон қадрдонӣ гардид;
Холиқзода Омина Умархон — ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи тиббии бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон сазовори Медали нуқра ва Ҷоизаи махсуси ихтироъкорони Индонезия гардид;
Ҷаборова Саҳоба Саломудиновна — мутахассиси Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ»-и Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ассистенти Кафедраи технологияи фарматсевтӣ ба номи профессор Халифаев Д.Р. ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино сазовори Медали нуқра ва Ҷоизаи махсуси ихтироъкорони давлати Руминия шуд;
Олимзода Шафоат Эргаш — номзади илмҳои химия, декани факултети тиббӣ-ташхисии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ сазовори Медали нуқра гардид.
Бонуи тоҷик нерӯи созандаву пешбарандаи илми пирӯзии дастаҷамъона исботи яқини он аст, ки бонувони олим ва ихтироъкори тоҷик имрӯз на танҳо дар рушди ҷомеаи дохилӣ, балки дар рақобатҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ низ пешсафанд. Сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар, ки ҳамеша бонувонро чун нерӯи бузурги созанда дастгирӣ мекунад, имрӯз меваҳои ширин ба бор овардан дорад.
Ин бонувони зиёӣ бо кашфиёти худ дар соҳаи химия, технологияи фармасевтӣ ва тиб нишон доданд, ки зеҳну истеъдоди духтари тоҷик метавонад дар уқёнуси илми ҷаҳонӣ мавҷҳои нав эҷод намояд. Туҳфаи арзишманд ба пешвози 35-солагии истиқлол пирӯзиву комёбии олимони мо дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад. Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик бузургтарин неъмат ва заминаи асосии эҳёи илму маърифати миллист.
Маҳз ба шарофати ин озодиву сулҳи пойдор имрӯз олимони мо имкон доранд, ки дар тарҳрезии технологияҳои муосири тиббӣ ва кашфи маҳсулоти нави фармасевтӣ саҳм гузошта, парчами муқаддаси Тоҷикистонро дар майдонҳои бузурги байналмилалӣ бо ифтихор барафрозанд.
Раёсат, устодон ва аҳли илми муассисаҳои тиббии кишвар ин бонувони олим ва ихтироъкорро бо ин пирӯзии таърихии байналмилалӣ самимона табрик гуфта, барояшон дар ҷодаи кашфиёти нави илмӣ парвози баландро таманно доранд.