ТАМОКУКАШИИ ҒАЙРИФАЪОЛ ВА САЛОМАТИИ КӮДАКОН: ХАТАРИ ПИНҲОНӢ ДАР ОИЛА
Ҳар сол 31 май дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди тамоку қайд карда мешавад. Ин сана на танҳо барои ёдрас кардани зарари тамоку ба худи шахси тамокукаш, балки барои ҳифзи саломатии онҳое низ муҳим аст, ки беихтиёр аз дуди тамоку зарар мебинанд. Яке аз гурӯҳҳои осебпазиртарин дар ин масъала кӯдакон мебошанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъкид мекунад, ки ҳеҷ сатҳи “бехатар”-и дуди тамоку вуҷуд надорад ва ҳатто таъсири кӯтоҳмуддати он метавонад ба саломатӣ зарар расонад.
Тамокукашии ғайрифаъол - ин ҳолатест, ки шахс худ тамоку намекашад, вале дуди тамокуи дигаронро нафас мекашад. Дар хона, мошин, меҳмонӣ, назди даромадгоҳ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ё ҳатто дар ҳуҷрае, ки пештар дар он ҷо тамоку кашидаанд, кӯдак метавонад ба моддаҳои заҳрноки дуди тамоку дучор гардад. Дуди тамоку омехтаи садҳо моддаҳои кимиёвӣ мебошад, ки қисми зиёди онҳо ба роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва системаи иммунии кӯдак таъсири манфӣ мерасонанд.
Организми кӯдак ҳанӯз дар марҳилаи рушд қарор дорад. Шуш, системаи масуният, мағзи сар ва дилу рагҳои кӯдак нисбат ба калонсолон ҳассостаранд. Кӯдакон нисбат ба вазни баданашон бештар нафас мекашанд, бинобар ин миқдори моддаҳои зарароваре, ки ба бадан ворид мешавад, барои онҳо нисбатан зиёдтар аст. Хусусан кӯдакони синни барвақт, навзодон, кӯдакони гирифтори аллергия, бронхитҳои такрорӣ, нафастангӣ ва кӯдакони норасид ба таъсири дуди тамоку бештар осебпазиранд.
Дар оила баъзан чунин андеша вуҷуд дорад, ки агар шахс назди тиреза, дар балкон ё дар ошхона тамоку кашад, кӯдак зарар намебинад. Аммо ин тасаввур нодуруст аст. Зарраҳои дуди тамоку дар либос, мӯй, парда, қолин, мебел ва деворҳо боқӣ мемонанд. Баъдтар онҳо дубора ба ҳавои хона паҳн шуда, кӯдак онҳоро нафас мекашад. Ин ҳолатро баъзан “дуди сеюм” низ меноманд, яъне боқимондаҳои заҳрноки тамоку дар муҳити хона.
Яке аз аввалин узвҳое, ки аз дуди тамоку зарар мебинад, системаи нафаскашӣ мебошад. Кӯдаконе, ки дар хона ё муҳити онҳо тамоку кашида мешавад, бештар ба сулфа, нафастангӣ, бронхит, бронхиолит, илтиҳоби шуш ва сироятҳои такрории роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Дар чунин кӯдакон давомнокии беморӣ зиёд шуда, эҳтимоли муроҷиат ба духтур ва истифодаи доруҳо бештар мегардад.
Барои кӯдакони гирифтори астмаи бронхиалӣ дуди тамоку махсусан хатарнок аст. Он метавонад сабаби хуруҷи нафастангӣ, зиёд шудани сулфаи шабона, нафастангии ҳангоми ҳаракат ва паст шудани самаранокии табобат гардад. Ҳатто агар кӯдак худ бемории музмин надошта бошад, таъсири доимии дуди тамоку метавонад заминаи пайдоиши ҳассосияти роҳҳои нафасро ба вуҷуд орад.
Навзодон ва кӯдакони ширмак аз ҳама бештар ба муҳофизат ниёз доранд. Тибқи маълумоти Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА, кӯдаконе, ки баъди таваллуд ба дуди тамоку дучор мешаванд, хавфи баланди марги ногаҳонии кӯдаки ширмак доранд. Ин масъала бояд барои ҳар як падару модар ҷиддӣ бошад, зеро кӯдак наметавонад аз муҳити дудолуд худ берун равад ё худро муҳофизат кунад.
Дуди тамоку инчунин метавонад боиси зиёд шудани отит, яъне илтиҳоби гӯши миёна, паст шудани иштиҳо, хоби ноором, ашкрезӣ, асабоният ва суст шудани рушди умумии кӯдак гардад. Агар модар ҳангоми ҳомиладорӣ тамоку кашад ё пайваста дар муҳити дуди тамоку бошад, ин метавонад ба вазни таваллуд, рушди ҷанин ва саломатии ояндаи кӯдак таъсири манфӣ расонад.
Пешгирии зарари дуди тамоку аз қадамҳои оддӣ, вале қатъӣ оғоз меёбад. Аввалан, дар хона, мошин ва ҳама ҷойҳое, ки кӯдак ҳузур дорад, тамокукашӣ набояд иҷозат дода шавад. Тамоку кашидан дар назди тиреза ё дар ҳуҷраи дигар низ кӯдакро пурра муҳофизат намекунад. Дуюм, баъди тамокукашӣ калонсол бояд либос иваз кунад, дасту рӯйро бишӯяд ва бо кӯдак фавран дар оғӯш тамос нагирад, зеро зарраҳои дуд дар либос ва мӯй боқӣ мемонанд. Сеюм, беҳтарин роҳи муҳофизати кӯдак - тамоман даст кашидан аз тамоку мебошад.
31 май - Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди тамоку - танҳо як сана дар тақвим нест. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба саломатии худ, фарзандон ва ҷомеа бо масъулияти бештар назар кунем. Тамокукашии ғайрифаъол барои кӯдакон хатари пинҳонӣ, вале воқеӣ мебошад. Он метавонад ба роҳҳои нафас, дилу рагҳо, системаи масуният ва рушди умумии кӯдак таъсири ҷиддӣ расонад.
Ҳар як кӯдак ҳақ дорад дар муҳити солим, бе дуди тамоку ва бе хатари нолозим ба воя расад. Агар мо имрӯз хона, мактаб, мошин ва ҷойҳои ҷамъиятиро аз дуди тамоку озод кунем, фардо насли солимтар, фаъолтар ва хушбахттар хоҳем дошт.
Азимова Ш.З-ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 ба номи профессор Аминов Ҳ.Ҷ.