ТАДБИРҲОИ САБЗКОРӢ ДАР ҚИТЪАИ НАВОБОД
Дар доираи тадбирҳои ободониву кабудизоркунӣ ва бо мақсади беҳтар намудани муҳити зист, дар қитъаи замини ба Донишгоҳ ҷудогардида дар маҳаллаи Навободи ноҳияи Варзоб корҳои навбатии сабзкорӣ баргузор гардиданд.
Имрӯз кормандони бахши хоҷагии Донишгоҳ дар ин мавзеъ корҳои тозакунӣ, нарм намудани замин ва нигоҳубини ниҳолҳои қаблан шинонидашудаи сабзу ороиширо анҷом доданд. Дар ҷараёни корҳои ободонӣ ба нигоҳдории ниҳолҳои шинонидашуда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои нашъунамои онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар қитъаи мазкур дар доираи иқдомҳои сабзкорӣ шумораи зиёди ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуда, ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани муҳити экологӣ, баланд бардоштани фарҳанги экологӣ ва ободу зебо намудани гирду атроф мусоидат менамоянд.
Роҳбарияти Донишгоҳ корҳои кабудизоркунӣ ва ҳифзи муҳити зистро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷамъиятӣ арзёбӣ намуда, чунин иқдомҳоро дар оянда низ идома хоҳад дод.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА