ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ АБДУЛЛОЗОДА Ҷ. А. БА МУНОСИБАТИ ИФТИТОҲИ КОНФРОНСИ 74-УМИ СОЛОНАИ ИЛМИЮ АМАЛИИ МДТ «ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО» БО ИШТИРОКИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ АБДУЛЛОЗОДА Ҷ. А. БА МУНОСИБАТИ ИФТИТОҲИ КОНФРОНСИ 74-УМИ СОЛОНАИ ИЛМИЮ АМАЛИИ МДТ «ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО» БО ИШТИРОКИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муҳтарам иштирокчиёни конфронс, олимон ва мутахассисон!

Аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ҳамаи шуморо ба муносибати баргузории Конфронси 74-уми солонаи илмию амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки байналмилалӣ самимона табрику таҳният мегӯям.

Имрӯз соҳаи тиб марҳалаи дигаргуниҳои фарогири технологиро аз сар мегузаронад. Зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумот ва технологияҳои рақамӣ дигар танҳо технологияҳои оянда нестанд, балки аллакай имрӯз имкониятҳои табибонро васеъ намуда, дақиқии ташхисро баланд мебардоранд ва дастрасии ҳар як шаҳрвандро ба хизматрасонии босифати тиббӣ беҳтар мегардонанд.

Муттаҳид намудани таҷрибаи мактабҳои пешрафтаи тиббӣ дар доираи ин ҳамоиши илмӣ қадами муҳим дар самти татбиқи навовариҳо дар амалияи воқеии тиббӣ ба ҳисоб меравад. Итминон дорам, ки андешаҳо, пешниҳодҳо ва қарорҳои дар ҷараёни кори конфронс таҳиягардида ба рушди минбаъдаи рақамикунонии низоми тандурустӣ такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Ба ҳамаи шумо кори пурсамар, андешаҳои навоварона ва муваффақият дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориро орзу менамоям!


30.10.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php