ТАБРИКОТИ РАЁСАТ ВА ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ
Устоди гиромӣ, профессор Мирзо Назаров,
Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ Шуморо ба муносибати фарорасии 86-умин солгарди умри пурбаракататон самимона табрику муборакбод менамоянд.
Барои ҷомеаи илмӣ ва омӯзгорӣ рамзист, ки мавлуди Шумо ба яке аз рӯзҳои муқаддасу хотирмони аҳли илму маориф - Рӯзи дониш рост омадааст. Зеро тамоми фаъолияти пурсамар ва умри бобаракати Шумо бо илму дониш, омӯзгорӣ, тарбияи насли ҷавон ва хизмати содиқона ба Ватан пайванди ногусастанӣ дорад.
Шумо ҳамчун биологи соҳибтаҷриба, номзади илмҳои биологӣ, дотсент ва профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми биология, такмили раванди таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда гузоштаед. Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар соли 1970, фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ ва гирифтани унвони илмии дотсент дар соли 1978 аз марҳилаҳои муҳимми роҳи илмӣ ва педагогии Шумо ба ҳисоб мераванд.
Меҳнати содиқона, дониши амиқ, таҷрибаи бой ва муносибати масъулиятшиносона ба таълиму тарбия боис гардид, ки соли 2014 Шумо ба унвони ифтихории «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳ сазовор гардед. Ин унвон нишони эътирофи хизматҳои бисёрсолаи Шумо дар назди Донишгоҳ, илми тоҷик ва насли ҷавон мебошад.
Устоди азиз!
Шогирдони зиёде, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногуни тиб, илм ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолияти пурсамар доранд, худро пайравони мактаби илмӣ ва омӯзгории Шумо медонанд. Маҳз ҳамин мероси маънавию илмӣ арзиши бузурги фаъолияти устодро муайян намуда, номи Шуморо дар хотираи ҳамкорон ва шогирдон ҳамчун омӯзгори фидоӣ, инсони фарҳангӣ, хоксор ва ватандӯст зинда нигоҳ медорад.
Боиси ифтихор аст, ки Шумо дар тӯли умри пурбаракат ба илму маърифат содиқ монда, дониш ва таҷрибаи хешро ба насли ҷавон бо самимият омӯзонидаед. Мактаби илмӣ ва педагогии Шумо барои шогирдон сабақи бузурги дониш, инсонгарӣ, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.
Ба Шумо, устоди арҷманд, пеш аз ҳама, саломатии комил, умри дароз, рӯзгори осуда, хотири ҷамъ, саодати рӯзгор ва неруи тоза орзу менамоянд.
Бигзор солҳои минбаъдаи умри пурбаракати Шумо низ саршор аз меҳру муҳаббат, эҳтироми шогирдон ва ҳамкорон, хушиҳои рӯзгор ва лаҳзаҳои фараҳбахш бошанд. Ҳамеша сарбаланду саодатманд ва дар ҳалқаи пайвандону шогирдони қадрдон бошед!
Зодрӯз муборак, устоди арҷманд!