ТАБРИКОТ
Муҳтарам Нуриддин Давлаталӣ,
Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ Шумо ва аҳли кормандони Донишгоҳро ба муносибати сарфароз гардиданатон бо унвони ифтихории "Профессори фахрии Академияи тиббии шаҳри Ижевск" самимона табрик менамояд.
Ин дастоварди арзишманд нишонаи эътирофи фаъолияти пурсамари илмӣ, омузгорӣ ва роҳбарии Шумо, инчунин саҳми арзандаатон дар рушди соҳаи маорифу илм ва таҳкими ҳамкориҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Шумо ҳамчун роҳбари масъулиятшинос, хоксор, самимӣ ва ғамхор нисбат ба кормандон, дар фаъолияти роҳбарии хеш барои пешрафти Донишгоҳ, таҳкими фазои солими меҳнатӣ ва баланд бардоштани нуфузи эътибори он пайваста талош менамоед. Эътимоди эҳтироми кормандон нисбат ба Шумо аз муносибати одилона, фарҳанги баланди муошират ва масъулияти роҳбарии Шумо сарчашма мегирад.
Сарфароз гардидан ба чунин унвони ифтихорӣ барои Шумо ҳамчун роҳбари муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ ва барои тамоми ҳайати кормандони Донишгоҳ мояи ифтихор мебошад.
Ба Шумо дар фаъолияти минбаъдаи роҳбарӣ, корҳои илмӣ ва омузгорӣ тансиҳатии комил, неруи тоза, саодати рӯзгор, комёбиҳои нав ва дастовардҳои боз ҳам бузургтар орзу менамоем.