ТАБОДУЛИ ТАҶРИБАИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМӢ ДАР ДОНИШКАДАИ ФАРМАТСЕВТИИ ТОШКЕНТ

ТАБОДУЛИ ТАҶРИБАИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМӢ ДАР ДОНИШКАДАИ ФАРМАТСЕВТИИ ТОШКЕНТ

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ-таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, рӯзҳои 24-27-уми сентябри соли 2026 намояндагони кафедраи фармакогнозия ва технологияи иттилоотӣ-фарматсевтии муассиса дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон дар чорабиниҳои байналмилалии илмӣ-таълимӣ иштирок намуданд.

Дар ҳайати иштирокчиён иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи фармакогнозия ва ТИФ, номзади илмҳои биологӣ, дотсент Раҷабов Г.О. ва омӯзгори калони кафедра Борониев Н.С. шомил буданд.

24-25-уми сентябр омӯзгорони кафедра дар VI-умин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Современное состояние фармацевтической отрасли: проблемы и перспективы» («Ҳолати муосири соҳаи фармасевтӣ: мушкилот ва дурнамо»), ки дар Донишкадаи фарматсевтии Тошкент баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии иштирок дар конференсияи байналмилалӣ шиносоӣ бо дастовардҳои муосири соҳаи фарматсевтӣ, баррасии масъалаҳои мубрами илмӣ ва истеҳсолии соҳаи дорусозӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва илмӣ, инчунин таҳкими робитаҳои илмӣ-таълимӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи фарматсевтӣ арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои гуногуни марбут ба рушди соҳаи фарматсевтӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар таҳқиқ ва истеҳсоли доруворӣ, сифати маҳсулоти фармасевтӣ, омӯзиш ва истифодаи ашёи хоми доруворӣ, рушди фармакогнозия, ташкили иқтисоди фарматсевтӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Яке аз бахшҳои муҳими иштироки намояндагони донишгоҳ баргузории мастер-класси дотсент Раҷабов Г.О. буд. Ӯ дар доираи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Стандартҳои аврупоии сифат дар соҳаи фармасевтӣ» мастер-класси 4-соата баргузор намуд. Дар рафти мастер-класс масъалаҳои марбут ба талаботи сифат, стандартҳои муосир ва аҳамияти татбиқи меъёрҳои пешрафта дар соҳаи фармасевтӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳими соҳавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи сафари мазкур Раҷабов Г.О. ва Борониев Н.С. дар барномаи мубодилаи академӣ иштирок карданд. Ҳадафи ин барнома такмили дониш ва малакаҳои касбӣ, шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами таълимӣ, усулҳои муосири таълими фанҳои тахассусӣ ва таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи фарматсевтӣ мебошад.

Дар доираи барномаи мубодилаи академӣ Борониев Н.С. аз рӯйи фанни «Фармакогнозия» ва Раҷабов Г.О. аз рӯйи фанни «Ташкили иқтисоди фарматсевтӣ» ба раванди табодули таҷрибаи таълимӣ ҷалб гардида, бо хусусиятҳои ташкили таълими фанҳои тахассусӣ, усулҳои муосири таълим, маводи таълимӣ-методӣ ва таҷрибаи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбии шаҳри Тошкент шинос шуданд.

Иштирок дар барномаи мазкур барои омӯзгорони кафедра имконият фароҳам овард, ки таҷрибаи муассисаи ҳамкорро дар самти таълими фанҳои тахассусӣ омӯзанд, масъалаҳои ташкили дарсҳои назариявӣ ва амалӣ, истифодаи усулҳои нави таълим ва баланд бардоштани самаранокии раванди таълимро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Дар рафти чорабиниҳо инчунин масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, табодули таҷрибаи омӯзгорон, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар раванди таълим ва фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи фарматсевтӣ баррасӣ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки иштироки омӯзгорони кафедраи фармакогнозия ва ТИФ дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва илмӣ-таълимии онҳо, тавсеаи робитаҳои касбӣ, шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами муассисаҳои хориҷӣ ва ворид намудани усулҳои муосири таълим ба раванди таълим аҳамияти муҳим дорад.

Дар натиҷаи иштирок дар конференсияи байналмилалӣ ва барномаи мубодилаи академӣ дониш ва малакаҳои касбии омӯзгорон такмил ёфта, таҷрибаи пешқадами илмӣ ва таълимӣ омӯхта шуд. Ҳамчунин, доираи робитаҳои илмӣ ва касбӣ бо намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва илмии соҳаи фарматсевтӣ васеъ гардида, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам омад.

Таҷриба ва маводи бадастовардашуда дар доираи сафар минбаъд дар фаъолияти таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва методии кафедраи фармакогнозия ва ТИФ истифода гардида, барои такмили сифати таълими фанҳои тахассусӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони соҳаи фарматсевтӣ мусоидат хоҳад кард.

Иштироки Раҷабов Г.О. ва Борониев Н.С. дар VI-умин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ ва барномаи мубодилаи академӣ қадами муҳим дар самти густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ-таълимӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва татбиқи таҷрибаи муосир дар фаъолияти кафедра арзёбӣ мегардад.


03.10.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php