«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ» - ПАЁМИ СОЗАНДАГИИ ИСТИҚЛОЛ БА ҶОМЕА
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» таъсис дода шудааст. Ба ҳайати гурӯҳ бонувони фаъоли кишвар, ки дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолияти назаррас доранд, шомил гардида, рисолати онҳо таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлол ва расонидани моҳияти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.
Дар ҳайати ин гурӯҳи созанда Донишгоҳ намояндаи худро дорад. Раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ Амонзода С. Б. ҳамчун намояндаи муассисаи таълимии бонуфузи кишвар дар фаъолияти «Таблиғгарони Истиқлол» фаъолона иштирок намуда, дар мулоқоту суҳбатҳои гурӯҳ бо ҷомеа саҳми худро мегузорад.
Мақсади асосии фаъолияти гурӯҳ пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ, таҳкими эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва дар замири ҷомеа боз ҳам устувор намудани ғояҳои истиқлолу давлатдорӣ мебошад. Мулоқотҳо бо иштироки намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои марбут ба аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ, нақши сулҳу ваҳдати миллӣ дар таъмини суботи ҷомеа, рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Истиқлол барои миллати тоҷик танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки муҳимтарин дастоварди давлатдории миллӣ ва заминаи ташаккули ҷомеаи навин ба шумор меравад. Аз ин рӯ, расонидани моҳияти истиқлол ба насли наврасу ҷавон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» маҳсуб меёбад.
Махсусан, нақши занон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон аз масъалаҳои муҳимми мулоқотҳо ба ҳисоб меравад. Занони фаъоли кишвар ҳамчун қишри таъсиргузори ҷомеа метавонанд дар тарбияи насли наврас, таҳкими арзишҳои оилавӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва густариши фарҳанги сулҳу субот саҳми назаррас гузоранд.
Дар ин замина фаъолияти Амонзода С. Б. ҳамчун намояндаи Донишгоҳ низ аҳамияти хос дорад. Бо такя ба таҷрибаи фаъолияти ҷамъиятӣ ва кор бо занону духтарон ӯ дар суҳбатҳо масъалаҳои марбут ба нақши зан дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҷавонон, аҳамияти таҳсилу донишомӯзӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро матраҳ менамояд.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамчун муассисаи бузурги илмию таълимии кишвар дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, иштироки намояндаи Донишгоҳ дар ҳайати «Таблиғгарони Истиқлол» бозгӯи фаъол будани ҷомеаи донишгоҳӣ дар чорабиниҳои муҳимми ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад.
Имсол мардуми Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихор ва руҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил менамоянд. Дар ин марҳилаи муҳим андешаи истиқлол, худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ бояд дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар боз ҳам устувор гардад. Дар ин раванд ташаббусҳое чун таъсиси гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» аҳамияти муҳим доранд, зеро онҳо барои таҳкими фазои маърифатӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ дар ҷомеа мусоидат менамоянд.
Имрӯз, ки Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қадамҳои устувор мегузорад, рисолати ҳар як шаҳрванди бедордил аз он иборат аст, ки бо меҳнати созанда, дониш, маърифат ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар пешрафти Ватани маҳбуб саҳм гузорад. «Таблиғгарони Истиқлол» бо фаъолияти маърифатию созандаи худ маҳз ҳамин андешаро дар миёни мардум густариш медиҳанд андешаи ватандорӣ, созандагӣ, ваҳдат ва садоқат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА