ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Субҳи имрӯз дар Донишгоҳ ҷаласаи ғайринавбатии раёсати донишгоҳ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Ашуриён, роҳбарияти донишгоҳ, аъзои раёсат ва роҳбарони сохторҳои таркибӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро ректори донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ифтитоҳ намуда, нахуст аз хизматҳои арзишманд ва фаъолияти содиқонаи муовини ректор оид ба корҳои хоҷагию маъмурӣ, марҳум Қаландарзода Ёраҳмад Қаландар, ёдовар гардиданд. Зикр карда шуд, ки марҳум солҳои тӯлонӣ бо масъулияти баланд, садоқат ба касб ва меҳнати шабонарӯзӣ дар ободонӣ, сарсабзгардонӣ ва рушди инфрасохтори донишгоҳ саҳми арзанда гузошта, дар миёни ҳайати омӯзгорону кормандон ҳамчун шахси хоксор, масъулиятшинос ва фидокор эҳтироми хос дошт.
Ректори донишгоҳ таъкид намуданд, ки хотираи неку корҳои созандаи Қаландарзода Ёраҳмад Қаландар ҳамеша дар саҳифаҳои таърихи донишгоҳ боқӣ хоҳад монд. Ба хотири пос доштани ёди неки марҳум ҳозирин лаҳзаи хомӯшӣ эълон намуда, хотираи ӯро гиромӣ доштанд.
Сипас Шаҳло Ашуриён аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба даргузашти Қаландарзода Ёраҳмад Қаландар изҳори ҳамдардӣ намуда, аз фаъолияти пурсамар ва саҳми назарраси ӯ дар рушди донишгоҳ суханронӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки марҳум дар ободу зебо гардонидани муҳити донишгоҳ, беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорону донишҷӯён ва татбиқи корҳои созанда нақши муассир гузошта, ҳамчун роҳбари кордон ва инсони масъулиятшинос дар ёди ҳамагон боқӣ мемонад.
Дар идома Шаҳло Ашуриён фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба аз вазифаи муовини ректор оид ба корҳои хоҷагию маъмурӣ озод намудани Қаландарзода Ёраҳмад Қаландар бинобар фавт қироат намуд.
Ҳамзамон фармоиши дигари Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди роҳбарияти донишгоҳ оид ба таъин намудани Гулмаҳмадзода Зафар Гулмаҳмад ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои хоҷагию маъмурии донишгоҳ қироат карда шуд.
Пас аз муаррифии муовини навтаъиншуда, роҳбарияти донишгоҳ ӯро бо таъиноти нав табрик гуфта, барои фаъолияти минбаъда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбӣ орзу намуданд. Таъкид гардид, ки идомаи корҳои созанда, нигоҳдории инфрасохтори донишгоҳ, ободонӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тадқиқот ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии хоҷагию маъмурӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти минбаъда ба ҳисоб мераванд.
Дар фарҷоми ҷаласа масъалаҳои омодагии ҳамаҷонибаи донишгоҳ ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ректори донишгоҳ ба муовини навтаъиншуда ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии муҳити донишгоҳ, таъмиру навсозии иншоот, беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои идона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ бо масъулияти баланд, ҳамбастагӣ ва ҳисси ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои дар назди муассиса гузошташуда ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро сафарбар хоҳанд намуд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА