ТАҚВИЯТИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ЭҲТИРОМИ АРЗИШҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ

ТАҚВИЯТИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ЭҲТИРОМИ АРЗИШҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ дар байни донишҷӯён роҳандозӣ шуда, дар он омӯзгорону донишҷӯёни кафедра иштирок намуданд.

Нахуст, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ профессор Азимзода М. М. зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, оид ба нақш ва аҳаммияти Конститутсия дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ибрози андеша кард. Қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори низоми давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад.

Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо маърӯзаҳо ва андешаҳои худ баромад намуда, доир ба таърихи қабули Конститутсия, аҳаммияти меъёрҳои он, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва нақши ҷавонон дар эҳтиром ва риояи қонунгузорӣ маълумот пешниҳод карданд.

Дар баргузорӣ ва омодасозии чорабинӣ саҳми омузгори кафедра Темризода Бахтовар назаррас буда, он дар фазои идона ва маърифатӣ баргузор гардид.

Дар фарҷом таъкид шуд, ки эҳтиром ва риояи Конститутсия, ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ ва бақои давлатдории миллӣ, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон яке аз самтҳои муҳими тарбияи насли огоҳу масъулиятшинос мебошад.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


06.11.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php