ТАҶЛИЛИ САЗОВОР АЗ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШГОҲ
Бахшида ба Рӯзи Модар, имрӯз дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону омузгорон, кормандон ва муҳассилин иштирок намуданд. Ҳамзамон дар чорабинӣ меҳмонони фахрӣ, аз ҷумла муовини раиси ноҳияи Сино Сафарализода Ситора, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маҳмадшарифзода Дилрабо ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, Ҳабибзода Зоҳир Иззат ҳузур дошта, суханронӣ карданд.
Чорабинӣ бо сухани табрикотии ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ оғоз гардид. Роҳбари муассиса дар баромади худ нақши модарро ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбиятгари насли солим ва нерӯи созандаи ҷомеа арзёбӣ намуда, ҳамаи занону бонувонро ба муносибати ин ҷашни пурифтихор самимона табрик гуфт. Зикр гардид, ки занону модарон дар рушди илму маориф, тарбияи мутахассисони ҷавон ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда доранд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор олимаҳо, кормандон, донишҷӯён ва меҳмонони фахрӣ барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маорифу илм сипосномаву ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ, ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, инчунин ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар фазои тантанавӣ тақдим гардиданд. Ҳамзамон ба як қатор омузгорону кормандони фаъол медалҳои соҳавии «Омузгори фахрӣ» ва медали фахрии ба номи олими зиндаёд Ю. Б. Исҳоқӣ супорида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дастаи ҳунарии «Шифо» бо иҷрои сурудҳои дилангезу барномаи рангини фарҳангӣ ба маҳфил таровати тоза бахшида, фазои идонаро боз ҳам гарму хотирмон гардонд. Чорабинӣ дар муҳити самимӣ ва рӯҳияи баланди идона баргузор гардида, ҳамчун арҷгузорӣ ба мақому манзалати модар ва нақши зан дар ҷомеа хотирмон анҷом ёфт.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА