ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КАФЕДРАИ АНАТОМИЯИ ОДАМИ БА НОМИ Я. А. РАҲИМОВ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КАФЕДРАИ АНАТОМИЯИ ОДАМИ БА НОМИ Я. А. РАҲИМОВ

Бо ташаббуси кафедраи анатомияи одами ба номи Я. А. Раҳимов чорабинии фарҳангӣ-фарогатӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 16-умин иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи анатомияи одам, инчунин меҳмонон-муовини декани факултети тиббӣ Раҳимзода Олим Шариф ва муаллими калони кафедраи забони лотинӣ Муродова М. Қ. иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз гардида, зимни он аҳаммияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши 16-умин иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки 16-уми иҷлосияи Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар барои муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди давлатдорӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аҳаммияти махсус дошт.

Дар идома иштирокчиён оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ суханронӣ намуданд.

Меҳмонони чорабинӣ Раҳимзода Олим Шариф ва Муродова М. Қ. низ бо баромадҳои худ аҳаммияти таърихии ин санаҳои муҳимро шарҳ дода, зарурати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва масъулиятшиносиро таъкид карданд.

Чорабинӣ дар фазои самимӣ ва маънавию фарҳангӣ баргузор гардида, иштирокчиён фикру андешаҳои худро оид ба нақши ин рӯйдодҳои таърихӣ дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеа баён намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ аҳаммияти калон дорад.

Кафедраи анатомияи ба номи Я. А. Раҳимов


16.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php