ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ

Дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳ бо иштироки донишҷӯёни хориҷӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ҳисси эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва шинос намудани донишҷӯёни хориҷӣ бо нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ташкил карда шуд.

Зимни чорабинӣ иштирокдорон доир ба таърихи таъсиси институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳаммияти ин ниҳоди конститутсионӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ибрози андеша намуданд.

Қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи мураккаби таърихи кишвар масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи давлатдории тоҷикон ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори мамлакат нақши муҳим ва таърихӣ гузоштаанд.

Донишҷӯёни хориҷӣ низ дар муҳокима фаъолона иштирок намуда, оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат ва нақши роҳбарияти олии кишвар дар рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои байналмилалӣ назари худро баён карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои маърифатӣ барои густариши ҷаҳонбинии сиёсӣ, таҳкими эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муаррифии таъриху дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар байни донишҷӯёни хориҷӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


12.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php