ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 81-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 81-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 8 майи соли 2026, дар Донишгоҳ чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, сипас ба хотири шаҳидони ҷанг лаҳзаи хомӯшӣ эълон карда шуд.

Ҳамоишро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён Зарина Асрор ифтитоҳ намуда, аз қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони миллат дар солҳои ҷанг ёдовар гардид. Қайд карда шуд, ки гиромидошти хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад.

Дар чорабинӣ роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону омузгорон, донишҷӯён, собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин меҳмонони фахрӣ- Патрушев А. В., роҳбари намояндагии «Руссотрудничество» дар Тоҷикистон, менеҷери барномаҳои соҳаи маорифи намояндагии мазкур И. Русланович ва Ғоибов А. Б., ҷонишини раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинӣ ба як қатор собиқадорони ҷангу меҳнат дар фазои тантанавӣ мукофотпулӣ ва сипосномаҳо тақдим карда шуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии «Шифо» пешниҳоди ҳозирин гардида, бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои ҷолиб ба чорабинӣ шукуҳу таровати тоза бахшид.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


3
2
1
08.05.2026 9

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php