ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 70-СОЛАГИИ ПРОФЕССОР РАҲМАТУЛЛОЕВ РАҲИМҶОН

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 70-СОЛАГИИ ПРОФЕССОР РАҲМАТУЛЛОЕВ РАҲИМҶОН

Санаи 2 марти соли 2026 бо иштироки тамоми кормандони кафедра ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба муносибати 70-солагии профессори кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи љарроњї ба номи профессор Каримов М.К., Раҳматуллоев Раҳимҷон баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои самимият ва эҳтироми хоса нисбат ба шахсияти илмӣ ва инсонпарваронаи устод доир шуда, аҳли кафедра аз фаъолияти пурсамар ва саҳми арзишманди эшон дар рушди илми ҷарроҳӣ ва тарбияи мутахассисони варзида ёдовар гардиданд.

Дар оғози маҳфил мудири кафедра, доктори илмҳои тиб, профессор Қурбонов Ҷ.М. суханронӣ намуда, доир ба зиндагинома ва фаъолияти бисёрсолаи устод маълумоти муфассал ироа карданд. Зикр гардид, ки Раҳматуллоев Раҳимҷон 2 марти соли 1956 дар деҳаи Пахтаи шаҳри Турсунзода дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1974 ба факултети кори табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1980 онро бо муваффақият ба анҷом расонидааст.

Фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1980–1981 ҳамчун табиби интерн дар Беморхонаи марказии ноҳияи шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, солҳои 1981–1984 дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи шаҳри Норак ба ҳайси табиби ҷарроҳ фаъолият кардааст. Солҳои 1984–1986 ординатураи клиникиро дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ гузашта, солҳои 1986–1990 дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи ноҳияи шаҳри Турсунзода ба ҳайси ҷарроҳ кор кардааст.

Солҳои 1990–1993 аспиранти рӯзонаи кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, рисолаи номзадии худро дар мавзуи усулҳои ғайримуқаррарии ревоскуляризатсияи андоми поён ҳангоми ишемияи вазнин бо муваффақият ҳимоя намудааст. Баъд аз ҳимоя фаъолияти худро дар шуъбаи ҷарроҳии Қисми тиббии санитарии КВДАТ идома дода, солҳои 1996–1999 дар докторантураи Донишкадаи ҷарроҳии ба номи А.В. Вишневскийи шаҳри Москва таҳсил намуда, рисолаи доктории худро дар мавзуи ташхис ва табобати ҷарроҳии тромбози рон ва зери зону, инчунин шунтгузаронии аорта–тиҳигоҳу рон ҳангоми тангшавии анастомози дисталӣ бо муваффақият ҳимоя кардааст.

Аз соли 1999 то 2019 дар муассисаҳои тандурустӣ ба ҳайси ҷонишини директор фаъолият намуда, солҳои 2001-2004 вазифаи сардухтуриро низ бар уҳда доштааст. Аз соли 2010 то имрӯз дар кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ ба номи профессор Каримов М.К.-и Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ҳайси профессор фаъолияти илмӣ ва омӯзгории худро идома дода истодааст.

Таҳти роҳбарии устод 7 кори диссертатсионии номзадӣ ва 1 кори докторӣ бомуваффақият ҳимоя шудаанд. Профессор Раҳматуллоев Р. муаллифи 2 монография ва зиёда аз 100 мақолаи илмии ватанию хориҷӣ буда, саҳми арзандаашон дар рушди илми ҷарроҳӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос шоистаи таҳсин мебошад.

Ҳамкорон дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки устод барои ҳар як шогирд шахсияти бисёр муҳим ва намунаи ибрат мебошанд. Эшон ба донишҷӯён ва табибони ҷавон на танҳо донишҳои муосири касбӣ, балки ахлоқи нек, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касбро низ меомӯзонанд.

Дар анҷоми ҷамъомад аҳли кафедра устоди гиромиқадрро ба муносибати мавлуди хуҷастаашон самимона табрик гуфта, барояшон умри дарози пурсаодат, саломатии комил, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидона орзу намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки устод минбаъд низ бо чеҳраи кушода ва руҳияи болида дар ҳалқаи шогирдон боқӣ монда, бо таҷриба ва дониши гаронмояи худ дар пешрафти илму амал саҳми босазо хоҳанд гузошт.


02.03.2026 73

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php