ТАҚДИМИ КИТОБҲОИ ШОИРАИ ЗИНДАЁД МАВҶИГУЛИ ЗАРДОДХОН БА КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ТАҚДИМИ КИТОБҲОИ ШОИРАИ ЗИНДАЁД МАВҶИГУЛИ ЗАРДОДХОН БА КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ба кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳ маҷмӯаи китобҳои шоираи зиндаёд Мавҷигули Зардодхон тақдим карда шуд.

Китобҳои шоир саршор аз муҳаббати поку самимӣ, эҳсоси баланди инсонӣ, меҳри Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ буда, дар онҳо симои шахсиятҳои барҷаста ва нотакрори таърихи муосири тоҷик бо меҳру ихлоси хос таҷассум ёфтааст.

Тақдими чунин осори адабӣ ба кафедраи забони тоҷикӣ дар заминаи таҳкими муҳити маърифатию фарҳангӣ ва рушди завқи адабии омӯзгорону донишҷӯён аҳамияти муҳим дорад. Омӯзиш ва мутолиаи осори Мавҷигули Зардодхон метавонад барои шинохти арзишҳои ахлоқӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва боз ҳам бештар таваҷҷуҳ намудани ҷавонон ба адабиёти муосири тоҷик мусоидат намояд.

Кафедраи забони тоҷикӣ барои тақдими ин осори пурқимати адабӣ изҳори сипос намуда, мутмаин аст, ки китобҳои мазкур мавриди истифодаи васеи омӯзгорон ва донишҷӯён қарор хоҳанд гирифт.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


26.09.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php