СУЛҲ ЭҲТИРОМ БА ШАЪНУ ШАРАФИ ИНСОН АСТ

СУЛҲ ЭҲТИРОМ БА ШАЪНУ ШАРАФИ ИНСОН АСТ

«Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст». Ин сухани пурмуҳтавои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти аслии сулҳро ҳамчун бузургтарин арзиши башарӣ ва заминаи зиндагии шоистаи инсон ифода менамояд. Дар шароити ҷаҳони пуртазоди имрӯза, ки инсоният бо ҷангҳо, низоъҳои сиёсӣ, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва буҳронҳои гуманитарӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ин андешаи Пешвои миллат аҳаммияти бештар касб мекунад.

Таърих собит намудааст, ки ҳеҷ миллату давлате бидуни сулҳу субот ба пешрафти устувор ноил шуда наметавонад. Аз ин рӯ, сулҳ на танҳо набудани ҷанг, балки муҳити муносиб барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар ҳамин замина ташаббусҳои сулҳофарини Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти хосса пайдо намудаанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист аз як кишвари ҷангзада ба давлати сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои ҷаҳонӣ табдил ёбад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст.

Маҳз бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу ваҳдатро пеш гирифта, ҷомеаро ба ҳам овард ва пояҳои давлатдории навинро таҳким бахшид. Ин таҷриба имрӯз барои бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун намунаи арзишманд хизмат мекунад.

Дар натиҷаи сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Тоҷикистон, обрӯ ва нуфузи байналмилалии кишвар сол ба сол боло рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз иштирокчиёни фаъоли баррасии масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва таҳкими сулҳ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ мегарданд.

Қадами муҳими дигар дар роҳи тақвияти нуфузи байналмилалии Тоҷикистон қабули қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» мебошад, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ ҷонибдорӣ ёфт.

Қабули ин қатънома далели равшани он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими амният ва суботи байналмилалӣ баҳои баланд медиҳад.

Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалӣ таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, густариши таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.

Имрӯз инсоният беш аз ҳар вақти дигар ба сулҳ ниёз дорад. Ҷангҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, афзоиши гурезагон, буҳронҳои иқтисодӣ ва экологӣ нишон медиҳанд, ки бидуни ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳалли мушкилоти муосир ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, пешниҳоди Тоҷикистон барои эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ҳамчун ташаббуси саривақтӣ ва дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ сулҳро ҳамчун арзиши олӣ ва асоси рушди давлат муайян намуданд. Хизматҳои таърихии Сарвари давлат дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ намунаи нодири роҳбарии сиёсӣ ба шумор меравад.

Маҳз таҳти роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста ба масъалаҳои сулҳ, амният, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории созанда диққати махсус медиҳад.

Дар суханрониҳои худ Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки: «Сулҳу субот неъмати бебаҳост ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар инсон ва ҳар давлат мебошад.»

Ин андешаҳо танҳо шиор нестанд, балки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон амалан татбиқ мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар пайваста ҷонибдори ҳалли ҳамаи баҳсу ихтилофҳо тавассути музокирот ва муколама мебошад.

Дар замони муосир, ки ҷаҳон ба мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ гардидааст, мавқеи Тоҷикистон оид ба зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ аҳаммияти бузурги сиёсӣ ва маънавӣ касб мекунад.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор, сулҳпарвар ва масъулиятшинос эътироф гардидааст. Қабули пайдарпайи ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби СММ нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба иқдомҳои созандаи кишвари мо эътимоди баланд дорад.

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин пешниҳоди нави кишвар оид ба таҳкими сулҳ, мақоми Тоҷикистонро ҳамчун яке аз марказҳои муҳими дипломатияи сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон таҳким бахшидааст.

Муваффақиятҳои байналмилалии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба сиёсати дурбинона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии зич доранд. Зеро маҳз таҳти роҳбарии эшон Тоҷикистон аз кишвари ҷангдида ба кишвари пешсаф дар пешниҳоди ташаббусҳои глобалӣ табдил ёфт.

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ба инсоният паёми муҳим мерасонад, ки ҳифзи сулҳ танҳо вазифаи сиёсатмадорон нест, балки масъулияти ҳар як инсон мебошад.

Насли ҷавон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва фарҳанги сулҳ тарбия карда шавад. Танҳо дар ҳамин сурат метавон ояндаи осоишта ва устуворро таъмин намуд.

Барои Тоҷикистон, ки арзиши сулҳро аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ хуб дарк кардааст, ин масъала аҳаммияти ҳаётӣ дорад. Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки сулҳ чӣ неъмати бузург аст ва маҳз ба ҳамин хотир кишвари мо имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун тарғибгари сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ баромад мекунад.

Сухани Пешвои миллат «Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст» имрӯз ба як шиори башардӯстона ва роҳнамои сиёсати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ барои таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» далели равшани эътирофи ҷаҳонии сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ва нақши созандаи Пешвои миллат мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон на танҳо кишвари соҳибсулҳу соҳибваҳдат, балки кишвари ташаббускори сулҳи ҷаҳонӣ аст. Ин мақоми баланд моро водор месозад, ки арзиши сулҳро ҳифз намуда, барои таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии инсоният саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро сулҳ воқеан эҳтиром ба шаъну шарафи инсон ва кафили зиндагии шоистаи тамоми башарият мебошад. Воқеан ин як дастоварди бузург барои миллати тоиҷк дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳисобида мешавад.

Табариён Б. С.-д.и.т., профессор, директори Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ


26.06.2026 7

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php