СУБҲИ ОБОДУ ЗЕБО ВА САҲМИ БОНУВОН ДАР ТАРОВАТИ МУҲИТИ ДОНИШГОҲ

СУБҲИ ОБОДУ ЗЕБО ВА САҲМИ БОНУВОН ДАР ТАРОВАТИ МУҲИТИ ДОНИШГОҲ

Субҳи содиқи рӯзи 30-юми апрел дар фазои муассиса руҳияи созандагӣ ва зебоипарастӣ ҳукмфармо буд. Кормандон-бонувони бахши корҳои хоҷагӣ бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба муҳити корӣ ба корҳои ободонию нигоҳубини гулҳо ва сабзазорҳо машғул гардиданд.

Дар назди бинои асосии таълимӣ ва дигар сохторҳои он, бонувон ба гулҳои рангоранг об дода, онҳоро аз чангу ғубор тоза намуданд. Ҳамзамон, бо нарм кардани бехи гулҳо ва тоза намудани онҳо аз алафҳои бегона, барои нашъунамои солим ва зебоии минбаъдаи онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ин иқдоми нек на танҳо ба беҳдошти муҳити зист мусоидат мекунад, балки дар баланд бардоштани завқи зебоипарастии донишҷӯёну кормандон низ нақши муҳим мебозад.

Бояд зикр кард, ки чунин корҳои ободонию тозакорӣ бахше аз тадбирҳои пайваста ҷиҳати ободу зебо нигоҳ доштани муҳити муассиса буда, саҳми бонувон дар ин самт назаррас ва шоистаи таҳсин аст. Онҳо бо заҳмати содиқона ва меҳнати софдилона муҳити атрофро ба макони дилфиребу фароғатбахш табдил медиҳанд.

Ин гуна ташаббусҳо намунаи ибрат буда, барои дигарон низ ангезаи хубе ҷиҳати ҳифзи тозагӣ ва зебоии муҳити зист ба ҳисоб мераванд. Зеро муҳити тоза ва сабз омили муҳими саломатӣ, рӯҳияи болида ва фаъолияти самаранок мебошад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


30.04.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php