СТИПЕНДИЯИ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО – ЗАМИНАИ РУШДИ ИЛМӢ ВА ТАШАККУЛИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ТАБИБОН

СТИПЕНДИЯИ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО – ЗАМИНАИ РУШДИ ИЛМӢ ВА ТАШАККУЛИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ТАБИБОН

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба дастгирии ҷавонони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтидори илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» низоми стипендияҳои номӣ ҳамчун воситаи муҳими ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол ва соҳибистеъдод роҳандозӣ гардидааст.

Яке аз бонуфузтарин стипендияҳои донишгоҳӣ ин Стипендияи ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад, ки ба хотири арҷгузорӣ ба мероси илмӣ ва маънавии ҳакими бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино таъсис дода шудааст. Ин стипендия барои донишҷӯёни курсҳои 2–6-уми шуъбаи рӯзона, новобаста аз шакли таҳсил (буҷетӣ ё шартномавӣ), ки дар таҳсил, фаъолияти илмӣ ва корҳои ҷамъиятӣ натиҷаҳои назаррас доранд, пешбинӣ гардидааст.

Мутобиқи Низомномаи тартиби таъин ва пардохти стипендияҳои номӣ, ҳамасола 25 нафар донишҷӯён ба гирифтани Стипендияи ба номи Абуалӣ ибни Сино мушарраф мегарданд. Гирандагони стипендия аз рӯи ихтисосҳо ба таври зерин тақсим мешаванд: 15 нафар аз ихтисоси кори табобатӣ, 4 нафар аз стоматология, 3 нафар аз педиатрия, 2 нафар аз тиббӣ-профилактикӣ ва 1 нафар аз фарматсия.

Барои дарёфти ин стипендия донишҷӯ бояд на танҳо нишондиҳандаҳои баланди таълимӣ дошта бошад, балки ҳамчун шахси фаъол дар корҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ низ шинохта шавад. Аз ҷумла, довталабон бояд нақша ва барномаҳои таълимиро бо натиҷаҳои баланд ҷамъбаст намуда, дорои дипломҳо, сертификатҳо ва дигар дастовардҳои илмӣ бошанд, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гардида, дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии донишгоҳ иштироки фаъол дошта бошанд. Ҳамзамон, аъзои ҷамъияти илмии донишҷӯён буда, соҳиби ҳадди ақал як мақолаи илмӣ ва се мақолаи оммавӣ бошанд.

Моҳияти ин стипендия танҳо дар дастгирии молиявӣ маҳдуд намегардад. Он ҳамчун рамзи эътирофи заҳмат, дониш ва қобилияти ҷавонони соҳибистеъдод хизмат намуда, онҳоро барои идомаи фаъолияти илмӣ ва касбӣ ҳавасманд месозад. Дар баробари ин, стипендияи мазкур пайванди маънавии донишҷӯёнро бо мероси гаронбаҳои Абуалӣ ибни Сино таҳким мебахшад.

Дар робита ба ин, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абуалӣ ибни Сино аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти махсус дорад. Агар ҷоизаи байналмилалӣ барои қадрдонии олимон, муҳаққиқон ва шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳон дар рушди илм, тиб ва тамаддуни башарӣ равона шуда бошад, Стипендияи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар донишгоҳ ҳамчун зинаи аввалини ташаккули чунин кадрҳои ояндасоз хизмат мекунад. Ба ибораи дигар, стипендияи донишгоҳӣ муҳити мусоидро барои парвариши ҷавононе фароҳам меорад, ки метавонанд дар оянда ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил гардида, сазовори мукофотҳо ва ҷоизаҳои сатҳи байналмилалӣ шаванд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


05.06.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php