СОАТИ ТАРБИЯВӢ: ОИЛАИ СОЛИМ - ҶОМЕАИ СОЛИМ

СОАТИ ТАРБИЯВӢ: ОИЛАИ  СОЛИМ - ҶОМЕАИ СОЛИМ

Санаи 18 апрели соли 2026 аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳи куратории курси 3-юм (гурӯҳи 7), инчунин гурӯҳҳои 1 ва 2-и курси 5-уми факултети фармасевтӣ дар мавзуи «Оилаи солим - ҷомеаи солим» соати тарбиявӣ баргузор гардид. Чорабинӣ таҳти роҳбарии ассистенти кафедра, куратор Касимова П.В. доир шуда, дар он ҳайати устодони кафедра таҳти роҳбарии мудири кафедра, н.и.т., дотсент Урунова М.В. иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён Кучимова Шаҳноза, Холмуродова Муҳиба ва Собирова Омина бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, нақши оила ҳамчун пояи асосии ҷомеа ва муҳити ташаккули шахсиятро таъкид карданд. Қайд гардид, ки маҳз дар оила инсон аввалин дарсҳои зиндагӣ  меҳру муҳаббат, эҳтиром, масъулият ва ахлоқи ҳамидаро меомузад.

Иштирокчиён зикр намуданд, ки оилаи солим заминаи бунёди ҷомеаи солим буда, дар он фазои мусоиди равонӣ, фарҳанги маънавӣ ва тарзи ҳаёти солим ҳукмфармо мебошад. Таъкид шуд, ки тарбияи насли солим, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва худшиносии шаҳрвандӣ аз муҳити оила оғоз меёбад.

Ҳамзамон, дар шароити муосир тағйирёбии арзишҳои иҷтимоӣ ва муносибати ҷавонон ба ташкили оила мавриди баррасӣ қарор гирифта, зарурати таҳкими фарҳанги муносибатҳои оилавӣ ва масъулиятнокии ҷавонон дар ин самт муҳим арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки дастгирии оилаи солим яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, дар Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Маҳз тавассути таҳкими оила, таъмини тарбияи дурусти насли наврас ва ҳифзи арзишҳои миллӣ метавон ба бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати устувор ноил гардид.

Кафедраи фармакология


22.04.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php