СИНО ВА ХАЙЁМ ДАР ХОТИРАИ ҶОВИДОНИ БАШАРИЯТ

СИНО ВА ХАЙЁМ ДАР ХОТИРАИ ҶОВИДОНИ БАШАРИЯТ

Таърих гувоҳ аст, ки ҳар миллатро на танҳо сарзамин, забон ва анъанаҳои миллиаш, балки фарзандони бузург, андешаҳои созанда ва осори мондагори фарҳангиаш дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунанд. Миллати тоҷик, ки яке аз меросбарони тамаддуни куҳанбунёди форсу тоҷик мебошад, дар тӯли таърих ба ҷаҳониён садҳо донишманд, файласуф, табиб, шоир ва мутафаккири барҷаста додааст.

Дар сафи ин шахсиятҳои ҷаҳонӣ ду номи дурахшон - Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём мақоми хосса доранд. Онҳо на танҳо ифтихори таърихи миллати мо, балки сарвати маънавии тамоми башарият мебошанд.

Имрӯз, ки номи ин ду нобиға дар минбарҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг - ЮНЕСКО садо медиҳад, зарур аст, ки ба ҷойгоҳи таърихӣ ва саҳми онҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо нигоҳи амиқтар назар андозем.

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшана, наздикии Бухоро, ба дунё омадааст. Ӯ дар муҳити фарҳангӣ ва илмии давлати Сомониён ба камол расида, аз овони ҷавонӣ истеъдоди фавқулодаи илмӣ нишон додааст.

Ибни Сино дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун табиб, файласуф, риёзидон, ситорашинос ва донишманди энсиклопедӣ шинохта мешавад.

Абӯалӣ ибни Сино дар байни чаҳор табиби воломақоми башарият: Буқрот, Ҷолинус, Абӯбакри Рози ва ибни Сино мақоми хосеро дорад, ҳақ бар ҷониби онеки фармудааст: «Пизишки набуд, онро Буқрот(Гипократ) ба вуҷуд овард, пизишки мурда буд, онро Ҷолинус(Гален) зинда кард,пизишкӣ пароканда буд, онро Абӯбакри Розӣ (Разес Абубактер) фароҳам овард ва пизишкӣ ноқис буд, онро Абӯали ибни Сино(Авецина) комил кард».

Абӯали ибни Сино баъди Абунасри Форобӣ тавонист дар ҷаҳони ислом соҳиби мартабаи «Муаллими сонӣ» шавад.

Асари машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» дар тӯли чандин аср яке аз муҳимтарин китобҳои таълимии тиб дар донишгоҳҳои Шарқу Ғарб ба шумор мерафт. Осори дигари ӯ, аз ҷумла «Китоб-уш-шифо», ба масъалаҳои фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ ва дигар соҳаҳои дониш бахшида шудаанд.

Маҳз ҳамин саҳми бузург боис гардид, ки ЮНЕСКО ҳазорсолагии таваллуди Ибни Синоро дар соли 1980 дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намояд. Конфронси генералии ЮНЕСКО ҳанӯз соли 1978 дар бораи гиромидошти ин сана қарор қабул карда буд. Маҷаллаи маъруфи «Курйе де ЮНЕСКО» низ шумораи махсусеро ба шахсият ва осори ӯ бахшид.

Ин воқеа танҳо таҷлили як санаи таърихӣ набуд. Ин эътирофи саҳми як донишманди бузург дар пешрафти илми ҷаҳонӣ буд.

Агар Ибни Сино бо дониши фарогири тиббӣ ва фалсафии худ дар таърихи илм мақоми баланд дошта бошад, Умари Хайём бо истеъдоди нодири риёзӣ, ситорашиносӣ ва андешаҳои амиқи фалсафии худ дар хотираи башарият ҷой гирифтааст.

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайём дар асри XI дар Нишопур ба дунё омадааст. Ӯ дар таърихи илму адаб ҳамчун риёзидон, ситорашинос, файласуф ва шоири барҷаста шинохта мешавад.

Хайём дар рушди алгебра саҳми назаррас гузошта, масъалаҳои муодилаҳои дараҷаи сеюмро таҳқиқ кардааст. Ӯ ҳамчунин дар таҳияи тақвими Ҷалолӣ иштирок доштааст, ки яке аз дастовардҳои муҳими илмии давраи худ ба шумор меравад.

Аммо дар шуҳрати ҷаҳонии ӯ рубоиёти пурмаънояш низ нақши бузург доранд. Дар ин рубоиёт масъалаҳои ҳастӣ, зиндагӣ, вақт, адолат, дониш ва мақоми инсон дар олам мавриди андеша қарор гирифтаанд.

Осори Хайём ба забонҳои зиёди ҷаҳон тарҷума шуда, то имрӯз мавриди омӯзиши донишмандон ва дӯстдорони адабиёт қарор дорад.

Хайём низ, монанди Ибни Сино, намояндаи муҳити бузурги фарҳангӣ ва илмии форсу тоҷик мебошад. Маҳз дар ҳамин замина метавон ҷойгоҳи ӯро дар таърихи адабиёту тамаддуни тоҷикон арзёбӣ кард.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангии соли 2026 баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ бахшида ба Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж мебошад.

Ин чорабиниҳо нишон медиҳанд, ки мероси илмӣ ва фарҳангии фарзандони бузурги тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиш қарор дорад.

Муҳим он аст, ки дар ин маврид сухан танҳо дар бораи ифтихори миллӣ намеравад. Сухан дар бораи меросе меравад, ки ба пешрафти илму фарҳанги тамоми инсоният хизмат кардааст.

Ифтихори ҳақиқӣ он аст, ки мо осори онҳоро омӯзем, ба ҷавонон муаррифӣ кунем, забон ва фарҳанги худро ҳифз намоем ва барои рушди илму маориф саҳм гузорем.

Ибни Сино ба мо сабақ медиҳад, ки дониш сарҳад надорад ва инсон метавонад бо ақлу хирад ба қуллаҳои баланди маърифат бирасад.

Хайём бошад, моро ба андешидан, шинохти зиндагӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат ҳидоят мекунад.

Ин ду шахсияти бузург дар як давраи таърихӣ зиндагӣ накарда бошанд ҳам, бо осори худ як паёми муштарак доранд: инсон бо дониш, хирад ва андешаи созанда метавонад дар таърихи башарият нақши ҷовидона гузорад.

Эътирофи байналмилалии мероси Ибни Сино ва Умари Хайём барои миллати тоҷик на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бузурги таърихист.

Вақте ки дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж номи ин ду нобиға садо медиҳад, мо бояд дарк намоем, ки таърихи миллати мо дар ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи арзанда дорад.

Қодиров Бахтиёр Розиқович,

доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраифизикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ


28.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php