СИМПОЗИУМҲОИ ИЛМӢ - МАЙДОНИ МУҲИМИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБА ВА МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ ТИББИ МУОСИР
Дар доираи конференсияи 74-уми солонаи байналмилалии илмӣ-амалии Донишгоҳ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ: марҳилаҳои нави илм ва амалияи тиб» панҷ симпозиуми илмии тахассусӣ баргузор гардид.
Симпозиумҳо масъалаҳои мубрами соҳаҳои гуногуни тибро фаро гирифта, дар онҳо олимон, омузгорон, муҳаққиқон ва мутахассисони муассисаҳои илмӣ ва табобатии дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар симпозиуми «Масъалаҳои мубрами акушерӣ ва гинекологияи муосир: мероси илмӣ ва саҳми олим дар рушди тиб» масъалаҳои такмили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак, истифодаи усулҳои муосири ташхису табобат ва аҳаммияти дастовардҳои илмӣ дар рушди акушерӣ ва гинекология баррасӣ гардиданд.
Дар симпозиуми «Масъалаҳои мубрами педиатрия» таваҷҷуҳи асосӣ ба ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои кӯдакон, такмили усулҳои муолиҷа ва истифодаи дастовардҳои нави илмӣ дар фаъолияти табибони кӯдакона равона карда шуд.
Ҳамзамон, дар симпозиуми «Дерматовенерология: дастовардҳо ва дурнамо» масъалаҳои муосири ташхису табобати бемориҳои пӯст, натиҷаҳои таҳқиқоти соҳавӣ ва дурнамои рушди ин самти тиб мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар симпозиуми «Мушкилоти муосири тибби пешгирикунанда: аз асосҳои илмӣ то татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ» масъалаҳои пешгирии бемориҳо, истифодаи воситаҳои рақамӣ дар мониторинги вазъи саломатии аҳолӣ, таҳлили нишондиҳандаҳои тиббӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои пешгирикунанда баррасӣ шуданд.
Симпозиуми «Таҳқиқоти бунёдӣ - асоси амалияи тиббӣ» ба масъалаҳои рушди илмҳои фундаменталӣ, пайванди таҳқиқоти назариявӣ бо амалияи клиникӣ ва аҳаммияти натиҷаҳои илмӣ дар такмили усулҳои ташхису табобат бахшида шуд.
Дар доираи симпозиумҳо иштирокчиён натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, таҷрибаи касбӣ ва пешниҳодҳои худро оид ба масъалаҳои муҳимми тибби муосир муаррифӣ намуданд. Муҳокимаҳои илмӣ имконият фароҳам оварданд, ки равишҳои нави таҳқиқотӣ, масъалаҳои мавҷудаи соҳавӣ ва роҳҳои истифодаи самараноки технологияҳои инноватсионӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гиранд.
Баргузории симпозиумҳои тахассусӣ ба таҳкими ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ, мубодилаи дониш ва таҷриба, инчунин пайвастани дастовардҳои илмӣ бо фаъолияти амалии муассисаҳои тандурустӣ мусоидат намуд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА