ШУКРИ ВАТАНИ ОБОД (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)
Дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 бо иштироки табибони Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш», ҳайати профессорону омӯзгорон, табибони интерна, ординаторони клиникӣ ва донишҷӯён бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ аз гурӯҳҳои 48–53, донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ-профилактикӣ аз гурӯҳҳои 3–4 ва донишҷӯёни курси 2-юми факултети тиббӣ аз гурӯҳҳои 60–61 фаъолона иштирок намуданд.
Чорабиниро мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3, номзади илмҳои тиб, дотсент Уроқов Комрон Зокирович ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ волотарин ва арзишмандтарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва баланд гардидани мақому нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Қайд карда шуд, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин заҳмати содиқонаи мардуми кишвар, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардида, ба кишвари ободу осуда ва рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён оид ба таърихи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, аҳамияти он дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маърӯзаҳои пурмазмун ироа намуданд.
Аз ҷумла, донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ-профилактикӣ дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имкониятҳои васеи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмиро фароҳам оварда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии насли ҷавон нақши муҳим дорад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун дастоварди муҳими таърихӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши бузург дошта, баёнгари иродаи мардуми тоҷик ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва зиндагии осоишта мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён Истиқлоли давлатиро ҳамчун неъмати бузурги миллӣ арҷ гузошта, таъкид намуданд, ки ҳифзу таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, саҳм гузоштан дар ободии Ватан ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус насли ҷавони соҳибмаърифат ва ояндасоз мебошад.
Чорабинии мазкур дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои истиқлолу давлатдорӣ баргузор гардида, дар таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва меҳанпарастии донишҷӯён нақши муҳим гузошт.
Поянда бод Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ҷовидон бод сулҳу ваҳдати миллӣ ва Ватани ободи мо!
Кафедраи беморихои дарунии №3