ШОГИРДИ ДИРӮЗ, ЧЕҲРАИ ШИНОХТАИ ИМРӮЗ: АЗ ДОНИШҶӮИ ОДӢ ТО ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ШОГИРДИ ДИРӮЗ, ЧЕҲРАИ ШИНОХТАИ ИМРӮЗ: АЗ ДОНИШҶӮИ ОДӢ ТО ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар зиндагии ҳар омӯзгор рӯзе фаро мерасад, ки ба роҳи тайкардаи шогирдонаш менигарад ва дар сарнавишти яке аз онҳо идомаи андешаҳоееро мебинад, ки солҳо пеш дар аудитория гуфта буд. Барои устод ин эҳсос танҳо ифтихор аз муваффақияти шогирд нест. Ин бозгашт ба худ, ба рисолати омӯзгорӣ ва ба як саволи хеле муҳим аст, ки инсон чӣ гуна ташаккул меёбад ва дар як ҷавони одӣ чӣ гуна неруи дониш, худшиносӣ, ҷустуҷӯ ва эҷодкорӣ бедор мешавад, ки баъдтар метавонад ӯро аз доираи одии як касб берун бурда, ба майдони васеи илм ва эътирофи байналмилалӣ расонад?

Имрӯз, вақте ба роҳи тайкардаи Шарифзода Суннатулло менигарам, ин савол барои ман маънои хос пайдо мекунад. Ӯ аз ҷумлаи он шогирдонест, ки ба наздикӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намуданд, вале дар як муддати нисбатан кӯтоҳ тавонист аз доираи мафҳуми «хатмкардаи донишгоҳ» берун омада, ҳамчун ҷавони ҷӯянда, ихтироъкор, табиби соҳибистеъдод ва намояндаи насли нави илмии Тоҷикистон дар сатҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ шинохта шавад. Барои ман, ки ҳамчун ҷомеашинос дар ташаккули ҷаҳонбинии ӯ дар баробари дигар омӯзгорон саҳм доштаам, ин пеш аз ҳама як дастоварди шахсии шогирд ва ҳамзамон натиҷаи як андешаи тарбиявист, ки агар ба ҷавон танҳо касб омӯзонем, мутахассис тарбия мекунем, аммо агар дар баробари касб дар ӯ тафаккур, худшиносӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба таърих, завқи илмӣ ва масъулияти инсонӣ бедор созем, метавонем шахсияте тарбия намоем, ки донишаш аз ҳудуди касб берун меравад.

Суннатулло барои ман маҳз аз ҳамин ҷиҳат ҷолиб аст. Ӯ дар солҳои донишҷӯӣ танҳо ба гирифтани донишҳои зарурии тиббӣ маҳдуд нашуд. Ба таърихи тиб, махсусан ба тибби ниёгон, таваҷҷуҳ мекард. Шояд дар назари аввал ин масъала ба ихтисоси табибии ҷавон чандон ғайриоддӣ нанамояд, аммо агар амиқтар назар кунем, маҳз дар ҳамин ҷо метавон яке аз сарчашмаҳои ташаккули ҷаҳонбинии илмии ӯро ҷустуҷӯ кард. Касе, ки ба таърихи илм менигарад, ногузир ба саволи «мо аз куҷо омадаем?» рӯ ба рӯ мешавад. Ва касе, ки ба ин савол ҷавоб меҷӯяд, дер ё зуд ба саволи дигар мерасад: «Мо ба куҷо бояд биравем?»

Тибби ниёгон барои Суннатулло танҳо мавзӯи гузашта набуд. Он метавонист барои ӯ як пул миёни гузашта ва оянда бошад. Зеро таърихи тиб нишон медиҳад, ки илми имрӯз аз осмон фуруд наомадааст. Он натиҷаи ҷустуҷӯҳои пайвастаи наслҳои гуногуни инсоният аст. Донишманди гузашта дар шароити маҳдуди замони худ мушкилотеро медид, ки бояд ҳал мешуданд, вале муҳаққиқи имрӯз бошад, бо имкониятҳои бештар ҳамон рӯҳи ҷустуҷӯро идома медиҳад. Аз ҳамин нуқтаи назар, таваҷҷуҳ ба мероси тиббии ниёгон метавонад дар зеҳни ҷавон на танҳо эҳсоси ифтихор, балки эҳсоси масъулияти илмиро низ бедор созад.

Ман ҳамеша ба Суннатулло ва дигар шогирдонам мегуфтам: агар инсон табиатан шоир ё файласуф набошад ҳам, бояд дар худ эҳсоси шоирона ва тафаккури фалсафиро парвариш диҳад. Зеро табиб пеш аз ҳама бо инсон сарукор дорад. Ва инсонро танҳо аз рӯйи набз, фишори хун, натиҷаи таҳлил ё ташхиси лабораторӣ шинохтан мумкин нест. Инсон таърих дорад, фарҳанг дорад, муҳити иҷтимоӣ дорад, эҳсос дорад, тарсу умед дорад ва дорои ҷаҳони ботинии хеш аст. Аз ин рӯ, табибе, ки инсонро танҳо ҳамчун объекти тиббӣ мебинад, як қисми муҳими воқеияти инсонро аз назар дур мегузорад.

Дар таърихи тамаддуни тоҷикон барои чунин андеша намунаи равшан вуҷуд дорад. Абуалӣ ибни Сино танҳо табиби бузург набуд. Ӯ файласуф, мантиқшинос, донишманди энсиклопедӣ ва соҳибтафаккур буд. Ӯ дар ҳудуди як илм маҳдуд намонд, зеро инсонро низ маҳдуд намедид. Маҳз ҳамин ҷаҳонбинии фарогир имкон дод, ки осори ӯ на танҳо барои тиб, балки барои фалсафа, мантиқ, ахлоқ ва рушди тафаккури илмӣ низ аҳаммият пайдо кунад. Аз ин рӯ, вақте ба ҷавонони донишҷӯи тиб мегӯем, ки Синоро биомӯзанд, набояд танҳо китоби «Қонуни тиб»-ро дар назар дошта бошем. Бояд Сино ҳамчун як тарзи андешидан, ҳамчун намунаи пайванди илмҳо ва ҳамчун фарҳанги ҷустуҷӯ низ омӯхта шавад.

Шояд ҳамин муҳити фикрӣ дар ташаккули Суннатулло низ таъсир гузошта бошад. Таваҷҷуҳ ба таърихи тиб ва мероси ниёгон дар вуҷуди ӯ тадриҷан бо шавқи илмӣ пайваст ва шавқи илмӣ ба ҷустуҷӯи роҳҳои нав овард. Аз ҳамин ҷо қадами дигар оғоз шуд- ихтироъкорӣ.

Натиҷаи ин раванд дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ба таври возеҳ зоҳир гардид. Суннатулло аз рӯйи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» сазовори ҷойи аввал шуд. Арзиши ин натиҷа танҳо дар худи ҷойи аввал нест. Муҳим он аст, ки донишҷӯе, ки бояд донишҳои омодашударо аз худ кунад, ба марҳилаи дигар гузашта, кӯшиш кардааст чизеро эҷод кунад, роҳи дигареро пешниҳод намояд ва барои як масъала роҳи нав ҷӯяд. Фарқи донишомӯз аз муҳаққиқ ва навовар низ дар ҳамин аст, ки якум ҷавоби маълумро меомӯзад, дуюм саволи нав мегузорад.

Аммо агар ин муваффақият танҳо як қуллаи ҷудогона мебуд, шояд онро натиҷаи як давраи муайяни фаъолият номидан мумкин буд. Роҳи баъдии Суннатулло нишон дод, ки ин ҷо сухан дар бораи як тасодуф ё як натиҷаи кӯтоҳмуддат намеравад. Соли 2025 ӯ ғолиби озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид. Яъне шавқи донишҷӯ ба ихтироъкорӣ тадриҷан ба самти устувори фаъолияти ӯ табдил ёфт. Ҳар қадами нав қадами қаблиро тасдиқ мекард ва ҳамзамон барои қадами дигар замина мегузошт.

Ин ҷо ман як ҳақиқати муҳимро мебинам, ки дар зиндагии илмӣ натиҷаи алоҳида муҳим аст, аммо пайдарҳамии натиҷаҳо аз он ҳам муҳимтар мебошад. Зеро ҷоиза метавонад як лаҳзаро нишон диҳад, аммо пайгирӣ характерро нишон медиҳад. Як ғолибият метавонад истеъдодро ошкор кунад, вале идомаи фаъолияти илмӣ меҳнат, ирода ва масъулиятро нишон медиҳад.

Қадами минбаъдаи Суннатулло ин доираи ҷустуҷӯро аз сатҳи ҷумҳурӣ берун бурд. Ӯ дар «Форуми 100 идея барои ИДМ» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзид. Бо ҳамин фаъолияти ӯ ба муҳити васеътари байналмилалӣ роҳ ёфт. Барои ҷавони тоҷик чунин майдонҳо танҳо имкони нишон додани идеяи худ нестанд. Онҳо имкони дидани сатҳи дигар, шунидани андешаҳои дигарон, муқоисаи таҷрибаҳо ва дарк кардани ҷойгоҳи худ дар муҳити васеи илмӣ мебошанд.

Вақте як ҷавони тоҷик бо идеяи илмӣ ба чунин майдон ворид мешавад, масъала дигар танҳо дар бораи муваффақияти шахсӣ нест. Дар пасманзари ин ҳузур номи донишгоҳ, мактаби илмӣ ва кишвари ӯ низ қарор мегирад. Ҷавон метавонад бо натиҷаи худ Тоҷикистонро муаррифӣ кунад ва нишон диҳад, ки дар ин сарзамин на танҳо таърихи бузурги илмӣ вуҷуд дорад, балки насли ҷавоне низ ба воя мерасад, ки мехоҳад идомадиҳандаи он анъана бошад.

Ин раванд дар соли 2026 ба марҳилаи дигар расид. Суннатулло дар 16-умин Форуми ҷаҳонии ихтироъкорони Шарқ - IIFME дар шаҳри Ал-Қувайти Давлати Кувайт сазовори медали тилло гардид. Агар қадамҳои пешинаро ба ҳам пайвандем, мантиқи роҳи тайшуда боз ҳам равшантар мешавад, ки таваҷҷуҳ ба мероси тиббӣ ва таърихи илм, ташаккули шавқи ҷустуҷӯ, иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ, ғолибият дар номинатсияи ихтироъкорӣ, пирӯзӣ дар озмуни ихтироъкорон ва навоварони кишвар, баромадан ба муҳити ИДМ ва сипас ба майдони ҷаҳонии ихтироъкорӣ.

Ин дигар феҳристи ҷоизаҳо нест. Ин як раванди ташаккул аст.

Аммо роҳи Суннатулло боз як паҳлуи муҳим дорад. Ӯ танҳо дар доираи ихтироъкорӣ пеш нарафтааст. Дар баробари фаъолияти эҷодӣ ва илмӣ, ӯ ҳамчун табиб низ худро нишон дода, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол -2026» гардид. Ба назари ман, маҳз ҳамин натиҷа арзиши махсус дорад, зеро он ду паҳлуи шахсияти ӯро ба ҳам мепайвандад- қобилияти ихтироъкорӣ ва омодагии касбӣ.

Табиби ҳақиқӣ танҳо касе нест, ки маълумоти тиббиро медонад. Ӯ бояд қобилияти андешидан, муқоиса кардан, мушоҳида намудан ва ҳалли масъалаи навро низ дошта бошад. Ҳар бемор як ҳолати такрорнашаванда аст, ҳар мушкилоти тиббӣ метавонад аз табиб саволи нав талаб кунад. Аз ҳамин ҷо илм ва тиб ба ҳамдигар наздик мешаванд. Тиб бе илм пеш намеравад ва илм бе ниёзҳои воқеии инсон маънои худро гум карда метавонад.

Аз ин рӯ, ғолибияти Суннатулло дар «Табиби сол - 2026» дар паҳлуи дастовардҳои ихтироъкорӣ як мантиқи ягона пайдо мекунад, ӯ кӯшиш кардааст донишро на танҳо аз худ кунад, балки дар амал татбиқ намояд ва барои масъалаҳои мавҷуда роҳи ҳалли нав ҷӯяд.

Дар соли 2026 ба ӯ унвони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» низ дода шудааст. Ин марҳилаи дигари эътирофи фаъолияти ӯ мебошад. Аммо ҳар як эътироф дар баробари ифтихор масъулиятро низ зиёд мекунад. Ҷавоне, ки дар чунин синну сол соҳиби як силсила дастовардҳои касбӣ, илмӣ ва байналмилалӣ мегардад, бояд дарк кунад, ки ҷоизаҳо на нуқтаи анҷоми роҳ, балки меъёри баландтари масъулияти минбаъдаанд.

Ин ҷо боз ба масъалаи тарбия бармегардем.

Ман духтур нестам. Ихтисоси ман ҷомеашиносӣ аст. Аммо маҳз ҳамчун ҷомеашинос ва омӯзгор ҳамеша кӯшиш мекардам ба шогирдонам фаҳмонам, ки илмҳои гуманитарӣ дар ташаккули мутахассис нақши иловагӣ ва канорӣ надоранд. Онҳо яке аз асосҳои инсонсозии мутахассисанд.

Бе ҷомеашиносӣ инсон ҷомеаро пурра дарк карда наметавонад. Бе фалсафа андешаи амиқ ва саволгузории бунёдӣ заиф мегардад. Бе таърих хотираи ҷамъиятӣ коста мешавад. Бе ҳуқуқ эҳсоси масъулият ва дарки ҳуқуқи дигарон нопурра мемонад. Бе ахлоқ дониш метавонад аз мақсади инсонгароёнаи худ дур шавад. Бе диншиносӣ яке аз падидаҳои муҳими ҳаёти маънавӣ ва иҷтимоӣ ба таври илмӣ дарк карда намешавад. Бе сиёсатшиносӣ бошад, фаҳмиши давлат, ҳокимият ва равандҳои сиёсӣ маҳдуд мемонад.

Инҳо илмҳои ҷудогона нестанд, ки танҳо барои мутахассисони худ заруранд. Ҳамаи онҳо дар ниҳоят ба як масъала бармегарданд, ки инсон чӣ гуна зиндагӣ мекунад ва чӣ гуна бояд ҷомеае созад, ки дар он ҳаёт, шаъну шараф, дониш ва ҳуқуқи инсон ҳифз карда шавад.

Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ман ҳамеша мегуфтам, ки табиб бояд забони гуманизмро аз илмҳои гуманитарӣ омӯзад.

Дору метавонад бемориро табобат кунад, аммо худи муносибати инсонӣ низ қисми муҳими табобат аст. Таҷҳизоти муосир метавонад ташхисро дақиқ кунад, аммо муносибати табиб ба бемор аз сатҳи маърифати ӯ вобаста аст. Технология метавонад имкониятҳои тибро васеъ кунад, аммо ҷавоб ба саволи он ки ин имкониятҳо ба кадом мақсад истифода мешаванд, аз ахлоқ ва ҷаҳонбинии инсон вобаста аст.

Аз ҳамин ҷо ман ба як андешаи дигар мерасам- табобати инсон танҳо бо дору анҷом намеёбад.

Инсонро бояд ҳамчун инсон дид.

Шояд маҳз ҳамин аст он нуқтае, ки тибро ба ҷомеашиносӣ, фалсафа, таърих ва ахлоқ мепайвандад.

Имрӯз воқеияти ҷаҳон низ моро ба чунин андеша водор мекунад. Дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ҷанг ва хушунат на танҳо одамонро қурбон мекунанд, балки мактабҳоро аз хонанда, донишгоҳҳоро аз донишҷӯ, бемористонҳоро аз табиб ва ҷомеаҳоро аз имкони рушди ором маҳрум месозанд. Вақте фоҷиа ба ин марҳила мерасад, дигар танҳо табиб ё омӯзгор онро ҳал карда наметавонад. Саволи асосӣ пештар ба миён меояд: чӣ гуна ҷомеаро бояд тарбия кард, то чунин фоҷиаҳо пешгирӣ шаванд?

Ин ҷо нақши илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ боз ҳам равшан мегардад.

Тиб танҳо ба табобат не, ба пешгирӣ низ такя мекунад. Ҷомеа низ ба пешгирии иҷтимоӣ ниёз дорад. Маърифат, таҳсил, фарҳанги ҳуқуқӣ, эҳтироми инсон, тафаккури интиқодӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги муколама метавонанд дар пешгирии бисёр буҳронҳои иҷтимоӣ нақш дошта бошанд.

Аз ин рӯ, вақте имрӯз дар бораи Суннатулло сухан мегӯям, ман танҳо дар бораи як табиби ҷавон ё як ихтироъкор сухан намегӯям. Ман дар бораи натиҷаи як равиши тарбиявӣ низ андеша мекунам, ки ҷавон бояд ҳам касб омӯзад ва ҳам инсон шуданро ёд гирад, ҳам ихтисос дошта бошад ва ҳам ҷаҳонбинӣ, ҳам аз дастовардҳои гузашта ифтихор кунад ва ҳам барои оянда чизе офарад.

Шояд ҳамин пайванди илм ва худшиносӣ бошад, ки як ҷавонро аз доираи донишҷӯи одӣ берун мебарорад.

Роҳи байналмилалии Суннатулло низ идома дорад. Моҳи ноябри соли ҷорӣ ӯ ба «Международной ассамблее молодых изобретателей» дар шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Русия даъват шудааст. Ин қадами навро низ метавон идомаи ҳамон роҳе донист, ки аз таваҷҷуҳ ба илм ва мероси тиббии ниёгон оғоз шуда, аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ гузашта, ба форумҳои байналмилалӣ ва медали тилло расидааст. Ӯ имсол низ ғолиби даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аст.

Дар ниҳоят, мехоҳам ба нуқтаи оғоз баргардам.

Чаро баъзе донишҷӯён аз ҳадди азхуд кардани донишҳои омода гузашта, худ ба тавлидкунандаи идея табдил меёбанд?

Ҷавоб, ба назари ман, танҳо дар истеъдод нест.

Истеъдод замина аст.

Муҳит шароит аст.

Устод роҳнамо аст.

Аммо меҳнати худи инсон он неруест, ки ҳамаи инро ба натиҷа табдил медиҳад.

Суннатулло роҳи худро интихоб кард ва онро бо меҳнат идома дод. Ӯ ба мероси гузашта нигарист, аммо дар гузашта намонд. Ба тиби муосир рӯ овард, аммо дар доираи донишҳои омода маҳдуд нашуд. Ба ихтироъкорӣ машғул шуд, аммо аз касби табибӣ дур нашуд. Ба майдони байналмилалӣ баромад, аммо бо решаҳои миллӣ ва мероси илмии ниёгон пайванди худро нигоҳ дошт.

Маҳз ҳамин пайванди гузашта ва оянда, миллӣ ва байналмилалӣ, тиб ва гуманизм, дониш ва ихтироъкорӣ симои имрӯзаи ӯро муайян мекунад.

Барои ман ҳамчун омӯзгор, шояд бузургтарин дастовард ҳамин бошад.

Ман имрӯз аз он ифтихор мекунам, ки Суннатулло замоне шогирди ман буд. Аммо ин ифтихор танҳо аз ҷоизаҳо, медалҳо ва унвонҳо нест. Ифтихори асосӣ аз он аст, ки дар вуҷуди як ҷавон муҳаббат ба илм, эҳтиром ба таърих, ифтихор аз гузаштагони соҳибкитоб, эҳсоси масъулият дар назди Ватан ва хоҳиши ба инсон фоида расондан бо ҳам пайвастаанд.

Ин аст маънои аслии кори омӯзгор: ту имрӯз тухми андеша мекорӣ ва шояд солҳо баъд натиҷаи онро дар чеҳраи шогирде бубинӣ, ки аз ту дуртар рафтааст.

Ва агар шогирд аз устод пеш гузарад, ин барои устод шикаст нест.

Ин идомаи роҳи ӯст.

Шарифзода Суннатулло имрӯз дигар танҳо шогирди дирӯза нест. Ӯ ҷавони соҳибихтисос, табиби навхатмкарда, ихтироъкор, навовар ва иштирокчии майдонҳои байналмилалии илмӣ мебошад. Дастовардҳои ӯ дар «Илм - фурӯғи маърифат», ғолибият дар озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон», иштирок дар «Форуми 100 идея барои ИДМ», гирифтани медали тиллои 16-умин Форуми ҷаҳонии ихтироъкорони Шарқ дар Кувайт, ғолибият дар озмуни «Табиби сол - 2026» ва соҳиб шудан ба унвони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон -2026» ҳар кадом як марҳилаи роҳи ӯро нишон медиҳанд. Даъват ба «Международной ассамблее молодых изобретателей» дар Нижний Новгород бошад, аз идомаи ин ҷустуҷӯ шаҳодат медиҳад.

Аммо ман мехоҳам ба ӯ на танҳо барои ин дастовардҳо, балки барои роҳи тайкардааш муваффақият орзу кунам.

Зеро ҷоиза натиҷа аст, аммо роҳ меҳнат аст.

Медал натиҷа аст, аммо роҳ донишомӯзист.

Эътирофи байналмилалӣ натиҷа аст, аммо роҳ ҷустуҷӯ, хоксорӣ, сабр ва масъулият аст.

Бигзор дар зиндагии минбаъдаи Суннатулло дониш аз ҷоизаҳо бештар, инсондӯстӣ аз шуҳрат болотар ва масъулият аз эътироф бузургтар бошад. Бигзор ихтироъҳои ӯ ба саломатии инсон, рушди илми тиб ва пешрафти ҷомеа хизмат кунанд. Бигзор ӯ дар ҳар муҳити илмие, ки ворид мешавад, на танҳо соҳиби дастовард, балки соҳиби фарҳанги баланди инсонӣ ва миллӣ бошад.

Имрӯз ӯро метавон ифтихори як гурӯҳи омӯзгорон, ифтихори донишгоҳ, ифтихори ҷавонони ҷӯяндаи Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои умедбахши насли нави илми тиб номид.

Аммо роҳи асосӣ ҳанӯз пеш аст.

Ва шояд беҳтарин орзу барои чунин ҷавон ҳамин бошад: ҳар қадар ба сатҳи баландтар расад, ҳамон қадар ба маънои аслии илм, инсон ва масъулияти худ бештар наздик шавад.

Меъёри ниҳоӣ он аст, ки инсон бо дониши худ ба дигарон чӣ медиҳад, бо истеъдоди худ чӣ месозад ва бо зиндагии худ барои насли баъдӣ чӣ мерос мегузорад.

Бигзор роҳи Шарифзода Суннатулло ба ҳамин сӯ идома ёбад.

 

Абдураҳмонзода З. В.-н.и.т., дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ



25.09.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php