ШОҲНОМА» - ОИНАИ МУҶАЛЛОИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК

ШОҲНОМА» - ОИНАИ МУҶАЛЛОИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Санаи 2-юми марти соли 2026 дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи аз ҷониби ассистенти кафедра Раҳматуллаева М.А. дарси кушод таҳти унвони «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ –оинаи муҷаллои таърихи халқи тоҷик баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни курси 3-юм, гурӯҳи 7 факултети педиатрӣ ва донишҷӯёни курси 3-юм, гурӯҳи 62 факултети тиббӣ фаъолона иштирок намуданд.

Дар раванди дарс маърӯзаи пурмазмун аз ҷониби донишҷӯён ироа гардида, паҳлуҳои гуногуни таърихӣ, адабӣ ва ахлоқии «Шоҳнома» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки Фирдавсӣ соли 940 мелодӣ дар деҳаи Пожи Тӯс, дар наздикиҳои шаҳри Машҳад (Эрон) ба дунё омада, беш аз сӣ сол умри хешро сарфи таълифи шоҳасари безаволи худ намудааст ва онро соли 1010 ба поён расонидааст.

Таъкид шуд, ки «Шоҳнома» бо ҳамду санои Парвардигор «Ба номи Худованди ҷону хирад...» оғоз гардида, аз лиҳози муҳтаво ба се давра ҷудо мешавад:

1.     Давраи асотирӣ - аз Каюмарс то Фаридун;

2.     Давраи паҳлавонӣ - аз қиёми Кова то марги Рустам;

3.     Давраи таърихӣ - аз охирҳои аҳди Каён то суқути давлати Сосониён.

Қайд гардид, ки арзишҳои меҳварии асар муборизаи некиву бадӣ, хирадгароӣ, ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ имрӯз низ аҳамияти тарбиявӣ ва маънавии худро гум накардаанд. Достонҳои машҳури «Рустам ва Суҳроб», «Сиёвуш», «Бежан ва Манижа», «Ҳафт хони Рустам», «Разми Исфандёр бо Рустам» ва дигар ривоятҳо ҳамчун намунаи олии ҳамосаи миллӣ муаррифӣ гардиданд.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки «Шоҳнома» на танҳо таърихи бостонии эронинажодон, балки ойинаи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва сарчашмаи ахлоқи волои инсонӣ мебошад. Дарси кушод дар фазои илмӣ-маърифатӣ баргузор гардида, ба ғанӣ гардидани ҷаҳонбинии донишҷӯён ва тақвияти эҳсоси худогоҳии миллӣ мусоидат намуд.

Дар фарҷом таъкид шуд, ки омӯзиши осори классикӣ, аз ҷумла «Шоҳнома», дар тарбияи насли ҷавон ҳатто дар муҳити ихтисосҳои тиббӣ нақши муҳим дошта, онҳоро ба арзишҳои инсондӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва хирадгароӣ раҳнамун месозад.

Кафедраи ТАБК


04.03.2026 64

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php