СЕМИНАРИ ОМУЗИШӢ: ДИН ВА ҶАҲОНИ МУОСИР
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тарбиявӣ ва маърифатии донишгоҳ барои донишҷӯёни курси 2-юми факултети тиббӣ семинари омузишӣ дар мавзуи “Дин ва ҷаҳони муосир” баргузор гардид. Семинари мазкур аз ҷониби сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои таърих Абдураҳмонзода З. В. гузаронида шуд.
Зимни семинар масъалаҳои муҳими марбут ба вазъи ҷаҳони муосир, равандҳои мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, хатарҳои терроризм ва экстремизм, инчунин омилҳои реша давондани хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд карда шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ боло бурдани маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, махсусан донишҷӯён, барои пешгирии таъсири андешаҳои ифротӣ ва хурофотӣ аҳаммияти калон дорад.
Ҳамзамон, номзади илмҳои таърих Абдураҳмонзода З. В. доир ба оқибатҳои номатлуби пайравӣ ба андешаҳои ифротгароӣ, таъсири манфии бегонапарастӣ ба ҳувияти миллӣ ва зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа ибрози назар намуд. Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бояд бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ҷаҳонбинии солим дар муқовимат ба чунин падидаҳои номатлуб саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар фарҷоми семинар байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, донишҷӯён доир ба мавзуи матраҳшуда саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд. Чунин чорабиниҳои омузишиву маърифатӣ барои таҳкими ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон мусоидат менамоянд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА