СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «КОНСТИТУТСИЯ – САОДАТНОМАИ МИЛЛАТ»

СЕМИНАРИ  ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «КОНСТИТУТСИЯ – САОДАТНОМАИ МИЛЛАТ»

3 ноябри соли 2026 дар кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳ бо ташаббуси ҳайати омузгорон семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия - саодатномаи миллат» баргузор гардид.

Ҳамоишро мудири кафедра, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ С.Ф. ифтитоҳ намуда, аҳаммияти Конститутсияро дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди забони давлатӣ таъкид кард.

Сипас, масъули бахши таълим Раҳимов Т.Ф. оид ба нақши Конститутсия дар ҳифз ва рушди забони давлатӣ, масъули бахши ҶИД Суфиева Г.А. дар бораи хусусиятҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ андешаронӣ намуданд.

Дар идомаи семинар донишҷӯён бо маърӯзаҳо дар мавзуъҳои «Таърихи Конститутсия дар Тоҷикистон», «Конститутсия ва рушди забони давлатӣ», «Конститутсия – ҳомии забони давлатӣ» ва «Омилҳои қабули Конститутсия» баромад намуда, доир ба паҳлуҳои муҳими ин санади сарнавиштсоз маълумот пешниҳод карданд. Ҳамчунин, донишҷӯён бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан ва Тоҷикистон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ масъули бахши тарбияи кафедра Саидзода Б.М. бо донишҷӯён вобаста ба мазмуну муҳтавои Конститутсия, бобу моддаҳои он саволу ҷавоб баргузор намуда, сатҳи огоҳии онҳоро арзёбӣ кард.

Кафедраи забони тоҷикӣ


04.11.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php