СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ШАҲРИ ИЖЕВСК

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ШАҲРИ ИЖЕВСК

Дар доираи сафари хизматии роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба шаҳри Ижевски Федератсияи Русия семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Ҷараёни оризаёфтаи бемории захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта: вазъи масъала ва дурнамои ҳалли он» баргузор гардид.

Дар семинар масъалаҳои мубрами ташхис, табобат ва пешгирии оризаҳои бемории захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба дастовардҳои муосири илмӣ ва таҷрибаи клиникӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои таҳкими ҳамкориҳои касбӣ, табодули таҷрибаи мутахассисон ва рушди минбаъдаи робитаҳои илмию таълимӣ миёни муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия заминаи мусоид фароҳам меорад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА



25.09.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php