САРФАРОЗӢ БО ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ - ЭЪТИРОФИ ХИДМАТҲОИ АРЗИШМАНДИ ОЛИМ ВА ТАБИБ

САРФАРОЗӢ БО ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ - ЭЪТИРОФИ ХИДМАТҲОИ АРЗИШМАНДИ ОЛИМ ВА ТАБИБ

Муҳтарам Саидмуқим Тиллохуҷа!

Раёсати ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ Шуморо ба муносибати сарфароз гардиданатон бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона самимона табрик менамоянд.

Ин дастоварди арзишманд дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Шумо ҳамчун олими варзида, доктори илмҳои тиб, профессор ва омӯзгори соҳибтаҷриба мояи ифтихори бузург буда, ҳамзамон далели возеҳи қадршиносии хизматҳои шоёни Шумо дар рушди илми тиб, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва пешрафти соҳаи тандурустии мамлакат мебошад.

Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки номи яке аз бузургтарин фарзандони миллати тоҷик - Абуалӣ ибни Синоро дорад, ба шахсиятҳои соҳибэътиборе тақдим мегардад, ки дар роҳи илму дониш ва пешрафти ҷомеа саҳми назаррас гузоштаанд. Сазовор гардидани Шумо ба ин ҷоизаи олӣ нишони эътирофи фаъолияти пурсамар, заҳматҳои чандинсола ва дастовардҳои илмии Шумо мебошад.

Шумо солҳои зиёд фаъолияти илмиву педагогии худро ба тарбияи насли нави табибон, рушди анатомияи инсон ва такмили заминаҳои илмии таълими тиббӣ бахшида, дар пешбурди корҳои таълимию илмӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми арзанда мегузоред. Мактаби илмии Шумо ва таҷрибаи ғании касбиатон барои омӯзгорону муҳаққиқони ҷавон намунаи ибрат ба шумор меравад.

Мо итминон дорем, ки ин қадршиносии давлатӣ ба фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва эҷодии Шумо неруи тоза бахшида, Шумо дар оянда низ дар рушди илми тиб, таҳкими пояҳои илмии Донишгоҳ ва тарбияи мутахассисони соҳибмаърифат саҳми арзандаи худро хоҳед гузошт.

Бо истифода аз фурсати муносиб, Шуморо ба ин дастоварди бузург ва сарфарозии шоиста аз самими қалб муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатии комил, умри дароз, саодати рӯзгор, неруи тоза, комёбиҳои пайвастаи илмию педагогӣ ва дастовардҳои нави эҷодӣ орзу менамоем.

Бигзор номи неки Шумо дар сафи олимони соҳибэътибори тибби тоҷик боз ҳам дурахшонтар гардида, фаъолияти пуршарафатон барои рушди илми миллӣ ва пешрафти соҳаи тандурустии Тоҷикистони соҳибистиқлол минбаъд низ самараҳои нек ба бор оварад.

Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино муборак, устоди гиромӣ!


05.09.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php