Конститутсия - санади муқаддасу тақдирсози миллат

Конститутсия - санади муқаддасу тақдирсози миллат
«Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд» - гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
06-ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат аст, зеро маҳз дар ҳамин руз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 25 –умин солгарди онро ҷашн мегирем. Ин барои мардуми мо аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли кишвар маҳсуб мешавад.
То ин муддат дар Конститутсия низ чун тағйиротҳои ҷомеа тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Албатта, сабаби ба вуҷуд омадани ин руйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардид.
Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меьёрию ҳуқуқӣ эьтибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.
Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.
Бо шарофати қабули Конститутсияи Тоҷикистон чун субьекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурузон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Конститутсия давраи нав ба амал омад. Дар натиҷа 6 ноябри соли 1994 ин конститутсия ба тариқи райпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рузи таърихӣ дар Тоҷикистон рузи Конститутсия муқаррар гардид.
Конститутсяи тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид. Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст.
Инак, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6 ноябрро ҳамчун рузи Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд.
Зуҳра Турсунова Мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия


Сарқонун - санади муқаддасу тақдирсози миллат
Сарқонун - санади муқаддасу тақдирсози миллат
Сарқонун - санади муқаддасу тақдирсози миллат
Сарқонун - санади муқаддасу тақдирсози миллат
05.11.2019 1547

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php