САЛОМАТИИ УСТУХОНҲО АЗ КӮДАКӢ ОҒОЗ МЕЁБАД: ПЕШГИРИИ ОСТЕОПОРОЗ

САЛОМАТИИ УСТУХОНҲО АЗ КӮДАКӢ ОҒОЗ МЕЁБАД: ПЕШГИРИИ ОСТЕОПОРОЗ

Бахшида ба 20 октябр - Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо остеопороз

Ҳамасола 20 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо остеопороз таҷлил мегардад. Ҳадафи асосии ин рӯз баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ оид ба аҳамияти солимии устухонҳо, омилҳои хавфи инкишофи остеопороз ва роҳҳои пешгирии он мебошад. Гарчанде остеопороз бештар дар синни калонсолӣ мушоҳида мешавад, заминаи саломатӣ ва мустаҳкамии устухонҳо ҳанӯз аз давраи кӯдакӣ ва наврасӣ гузошта мешавад. Аз ин рӯ, пешгирии ин беморӣ бояд аз солҳои аввали ҳаёт оғоз гардад. Остеопороз бемории музмини системаи устухон буда, бо камшавии массаи устухон, тағйир ёфтани сохтори дохилии он ва паст гардидани мустаҳкамии устухонҳо тавсиф меёбад. Дар натиҷа устухонҳо нисбатан нозук гардида, эҳтимолияти шикастани онҳо ҳатто ҳангоми осебҳои сабук зиёд мешавад. Яке аз хусусиятҳои остеопороз дар он аст, ки беморӣ метавонад муддати дароз бе нишонаҳои равшан инкишоф ёбад. Аксар вақт шахс танҳо баъди ба амал омадани шикасти устухон аз мавҷудияти он огоҳ мегардад. Аз ҳамин сабаб, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва андешидани чораҳои пешгирикунанда аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Устухонҳо бофтаҳои зинда буда, дар тамоми давраи ҳаёти инсон пайваста таҷдид мешаванд. Дар кӯдакӣ ва наврасӣ раванди ташаккули бофтаи нави устухон нисбат ба таҷзияи он фаъолтар мебошад. Маҳз дар ҳамин давра афзоиши босуръати устухонҳо, ҷамъшавии моддаҳои минералӣ ва баланд гардидани зичии онҳо ба амал меояд. Тибқи маълумоти илмӣ, қисми зиёди массаи устухон дар давраи кӯдакӣ ва наврасӣ ташаккул ёфта, ба дараҷаи баландтарини худ одатан дар синни ҷавонӣ мерасад. Ҳар қадар захираи массаи устухон дар ин давра беҳтар ташаккул ёбад, ҳамон қадар эҳтимолияти пайдоиши остеопороз ва шикастҳои вобаста ба он дар синни калонсолӣ камтар мегардад. Аз ин рӯ, ғизои солим, фаъолияти кофии ҷисмонӣ ва пешгирии норасоии моддаҳои ғизоӣ дар кӯдакӣ на танҳо барои рушди муътадили ҷисмонӣ, балки барои ҳифзи саломатии инсон дар тамоми умр муҳим мебошанд. Калсий яке аз муҳимтарин унсурҳои минералӣ буда, дар ташаккул ва нигоҳдории устухонҳо ва дандонҳо нақши асосӣ мебозад. Норасоии дарозмуддати он метавонад ба паст гардидани минерализатсияи устухонҳо ва зиёд шудани хавфи осебпазирии онҳо мусоидат намояд. Манбаъҳои асосии калсий шир ва маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла ҷурғот, йогурт, панир ва дигар маҳсулоти ғизоии аз калсий бой мебошанд. Истеъмоли мунтазам ва мутавозини чунин маҳсулот барои инкишофи дурусти системаи устухони кӯдакон аҳамияти калон дорад. Витамини D бошад, ба ҷаббида шудани калсий ва фосфор аз рӯдаҳо мусоидат намуда, барои минерализатсияи муътадили устухонҳо зарур аст. Норасоии он дар кӯдакон метавонад боиси инкишофи рахит, сустшавии устухонҳо ва дигар ихтилолҳои мубодилаи минералӣ гардад. Манбаъҳои витамини D баъзе маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла моҳии равғандор, зардии тухм ва маҳсулоти бо витамини D ғанигардонидашуда мебошанд. Инчунин витамини D дар пӯст зери таъсири нурҳои офтоб ҳосил мешавад. Бо вуҷуди ин, таъсири офтоб бояд бо риояи қоидаҳои муҳофизати пӯст сурат гирад. Дар ҳолатҳои зарурӣ истифодаи иловагии витамини D бояд бо назардошти синну сол, ҳолати саломатӣ ва тавсияи мутахассиси тиб амалӣ карда шавад.

Фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ яке аз роҳҳои самараноки мустаҳкам намудани устухонҳо мебошад. Ҳангоми ҳаракат, давидан, ҷаҳидан ва машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш ба устухонҳо сарбории физиологӣ ворид гардида, раванди ташаккул ва мустаҳкамшавии онҳо фаъол мегардад. Барои кӯдакон ва наврасони аз 6 то 17-сола тавсия дода мешавад, ки ҳамарӯза на камтар аз 60 дақиқа ба фаъолияти ҷисмонии аз миёна то шадид машғул шаванд. Бозиҳои серҳаракат, роҳгардӣ, давидан, ҷаҳидан ва машқҳои мувофиқ ба синну сол ба рушди солими устухонҳо ва мушакҳо мусоидат мекунанд. Дар шароити имрӯза, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ, компютерҳо ва дигар воситаҳои рақамӣ дар байни кӯдакон афзоиш ёфтааст, камҳаракатӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими саломатӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, волидон ва омӯзгорон бояд барои ҷалби кӯдакон ба фаъолияти ҷисмонӣ ва бозиҳои фаъол шароити мусоид фароҳам оваранд. Ба инкишофи номукаммали устухонҳо дар кӯдакӣ ғизои нокифоя, норасоии калсий ва витамини D, камҳаракатӣ, норасоии вазни бадан ва баъзе бемориҳои музмин таъсир расонида метавонанд. Бемориҳои музмини гурда, ихтилолҳои ҷаббида шудани моддаҳои ғизоӣ дар рӯда, бемориҳои эндокринӣ ва истифодаи дарозмуддати баъзе доруҳо, аз ҷумла глюкокортикоидҳо, метавонанд ба мубодилаи моддаҳои устухон таъсири манфӣ расонанд. Дар чунин ҳолатҳо кӯдак бояд таҳти назорати педиатр қарор дошта бошад. Агар дар кӯдак шикастҳои такрории устухонҳо ҳангоми осебҳои сабук, дардҳои давомдори устухон ё дигар аломатҳои шубҳанок мушоҳида шаванд, гузаронидани муоинаи мутахассис зарур аст.

Пешгирии остеопороз танҳо вазифаи кормандони соҳаи тандурустӣ нест. Дар ин раванд оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа низ нақши муҳим доранд. Волидон бояд аз синни хурдсолӣ кӯдаконро ба истеъмоли ғизои солим, фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ ва риояи тарзи ҳаёти солим одат кунонанд. Муассисаҳои таълимӣ метавонанд тавассути машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, чорабиниҳои маърифатӣ ва тарғиби ғизои мутавозин дар беҳтар намудани саломатии насли наврас саҳм гузоранд. Кормандони соҳаи тиб, бахусус педиатрон ва табибони оилавӣ, бояд ҳангоми муоинаҳои профилактикӣ ба арзёбии ғизогирӣ, рушди ҷисмонӣ, фаъолияти ҳаракатӣ ва омилҳои хавфи вайроншавии мубодилаи устухонҳо диққати махсус диҳанд. Баланд бардоштани саводнокии тиббии аҳолӣ оид ба аҳамияти калсий, витамини D ва фаъолияти ҷисмонӣ метавонад ба пешгирии бемориҳои системаи устухон дар давраҳои минбаъдаи ҳаёт мусоидат намояд.

Саломатии устухонҳо сарвати муҳимест, ки ҳифзи он бояд аз давраи кӯдакӣ оғоз гардад. Остеопороз ҳарчанд бештар дар калонсолон ташхис мешавад, омилҳои муайянкунандаи мустаҳкамии устухонҳо дар солҳои аввали ҳаёт ташаккул меёбанд. Ғизои мутавозин, таъмини кофии калсий ва витамини D, фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ, пешгирии камҳаракатӣ ва сари вақт ошкор намудани бемориҳои музмин аз самтҳои асосии ҳифзи саломатии системаи устухон ба ҳисоб мераванд. Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо остеопороз имконияти муҳимест барои ёдовар шудан аз он ки пешгирии бемориҳо нисбат ба табобати оқибатҳои онҳо самараноктар мебошад.

Азимова Ш.З.-ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1

ба номи проф. Аминов Ҳ.Ҷ.


20.10.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php