Саломатӣ аз ғизои солим оғоз меёбад
Организми инсон ҳамарӯза ба ғизо ниёз дорад. Агар миқдори зарурии ғизо дар вақти муайян ба организми инсон нарасад, дигар шудани бофтаҳо ба амал меояд. Аҳамияти ғизо дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ ҳамчун омили асосӣ, фарқияти организми болиғро аз организми кӯдак муайян мекунад ва боиси афзоиш ва инкишофи ӯ мегардад.
Ғизогирии хуб асоси саломатӣ мебошад. Хӯроке, ки мо истеъмол мекунем, организмро бо маводи ғизоии барои фаъолияти дуруст ва зарурӣ таъмин менамояд. Истеъмоли ғизои солим ва гуногун на ҳамеша имконпазир аст. Ғизои нокифоя метавонад саломатиро заиф гардонад, хавфи сироятро зиёд кунад, боиси қадпастӣ, таъхири балоғатрасӣ, норасоии микроэлементҳо, заифии устухонҳо ва хониши суст гардад. Истеъмоли хӯроки серғизо дар инкишофи ҷисмонию зеҳнии хубтари наврасон мусоидат мекунад.
Норасоии микроэлементҳо, ба монанди оҳан, йод, витамини а, кислотаи фолиевӣ ва синк метавонад оқибатҳои харобиовар дошта бошад. Махсусан занҳои ҷавон ва кӯдакони хурдсол ба норасоии микроэлементҳо ҳассос ва осебпазир мебошанд. Масалан, норасоии оҳан дар хурдсолӣ дар оянда ҷуброн намегардад. Дар натиҷа ҳатто 10 сол пас аз ба эътидол омадани захираҳои оҳан дар организм он метавонад ба кори зеҳнӣ зарар расонад. Бо мақсади коҳиш додани ҳодисаҳои нуқси найчаи асаб (ntd), ки боиси беморӣ, ба монанди spina bifida мегардад, кислотаи фолиевӣ ба орди гандумӣ илова карда мешавад.
Ғанигардонии маводи ғизоӣ ба илова намудани миқдори хурди микроэлементҳо ба маҳсулоти асосии хӯрокӣ ё хӯришҳо алоқаманд аст, ки худ бо мақсади беҳтар намудани истифодаи микроэлементҳо аз ҷониби одамон мунтазам истеъмол мегардад.
Ғанигардонии маводи ғизоӣ, илова намудани витамину минералҳо ба маҳсулоти асосии хӯрокӣ воситаи бехатар ва самараноки беҳтар намудани ҳолати ғизогирӣ, саломатӣ ва пешгирӣ намудани гуруснагии ниҳонӣ бе тағйирдиҳии одатҳои ғизохӯрии инсон ба ҳисоб меравад. Ғанигардонии маводи ғизоӣ, эҳтимолан аз лиҳози иқтисодӣ воситаи аз ҳама самарабахши бартараф намудани норасоии микроэлементҳо ва коҳишдиҳии сарбории алоқаманд ба низоми тандурустӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокӣ маҳсуб мешавад.
Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои солашон гуногун таъсир мерасонад, аммо кӯдакон ва занони синни репродуктивӣ аз ҳама бештар осебпазир буда, бо сабаби норасоии микроэлементҳои ғизоӣ, наметавонанд аз тамоми имконияту қобилиятҳои худ ҳамчун хонанда, волидайн, коргар ва шаҳрванд ба пуррагӣ бархӯрдор шаванд. Мевагиҳо маҳсулоти муҳими ғизоӣ барои инсон ба ҳисоб мераванд. Маҳсулоти боғдорӣ - мева, ғуҷуммева ва мағз ба миқдори зиёд қанд, равған, моддаҳои минералию хушбӯй, витаминҳои гурӯҳи в, с, р, е ва ғайраро доранд.
Аз микро ва макроэлементҳои ғизоӣ бой мебошанд. Инсон зиёда аз 81 унсури кимиёвии барои организм заруриро ба воситаи меваҳо мегирад. Меваю мағз ғизои шифобахш ва манбаи ашёи хоми саноати хӯрокворӣ, қаннодиву дорусозӣ мебошанд. Истеъмоли бисёр меваҳоро ба беморон ҳамчун ғизои парҳезӣ тавсия медиҳанд, аз ғуҷуммева, мева ва мағзи онҳо мураббо, полуда ва хушоб пухта, қандалоту шарбатҳои хуштаъм тайёр мекунанд.
Мананова П.И., Қаюмова М.А., Раҷабов Р.Р.
омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ