САКТАИ ДИЛ: САБАБҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН.
Сактаи дил – ин мурдашави (аз фаъолият пурра боз мондан) қисмати муайяни мушаки дил (миокард) мебошад, ки дар натиҷаи норасогии бо хун ва оксиген таъмин нагардидани шараёнҳои каронарӣ ба вуҷуд меояд.
Сабабҳои гирифтон шудан ба сактаи дил
Сабаби аз ҳама зиёд паҳншудатарини сактаи дил дар саёра ин атеросклерози шараёнҳои коронарии дил мебошад, ки барои ба вуҷуд овардан дар девораҳои онҳо лавҳачаҳоро (бляшка) мусоидат менамояд ва 90% сар задани сакта низ маҳз ҳамин мебошад.
Читавре ки дар расм маълум аст, ҳангоми атеросклероз дар сатҳи девораҳои каронарии дил таҳшиншавии лавҳачаҳои атеросклерозӣ (ки аз холестерин иборатанд) бо тромб ба вуҷуд меояд, ки ин метавонад ба танҳшавии ҳолати муқаррарии шарёнҳо оварда расонад ва гардиши хунро дар ҳамон минтақа суст (ишемия) ва ё қатъ (инфаркт) гардонад. Гуфтан ба маврид аст, ки чунин ҳолатро дар дил, сактаи дил (инфаркт) ва дар мағзи сар бошад сактаи мағзӣ (инсулт) меноманд.
Дар баробари ин ҳаст сабаҳои дигаре, ки инсонро метавонад ба сактаи дил гирифтор намояд аз қабилӣ:
- Ихтилоҷи шараёнҳо – тангшавии қалбакии шараёнҳо, ки дар натиҷаи даст задан ба одатҳои зараровар аз қабили майзадагӣ, нашъамандӣ, сегоркашӣ, тарсу ваҳми зиёд, фаъолияти вазнини ҷисмони ва ғ.
- Тромбоз – маҳкамшавии сатҳи шараёнҳо дар натиҷаи кандашавии лавҳачаҳои атеросклерозӣ ва вайрон шудани фаъолияти системаи лахташавии хун.
- Гипоксия – норасогии оксиген дар натиҷаи сустшавии интиқоли он ба мушаки дил
- Нуқсонҳои модарзоди ва ғ.
Бояд қайд кард, ки ба сактаи дил мардҳо 4 маротиба дида нисбат ба занҳо бештар дучор мешаванд, ки ин аз ҳисоби гуногунии ҳормонҳои онҳо дарак медиҳад. Яъне дар ғадудҳои ҷинсии тарашуҳи дохилаи занҳо ҳормони эстроген ҳосил шешавад, ки он метавонад аз зараёбии интимаи шарёнҳо ва таҳшиншавии лавҳачаҳои холестеринӣ дар шараёнҳои коронарии дил занҳоро муҳофизат кунад. Вале дар мардҳо бошад ин навъи ҳормон ҳосил намешавад. Ҳормони ҷинсии мардонро андроген меномад.
Намудҳои сактаи дил вобаста ба сатҳи мурдашавии ҳуҷайраҳои миокард.
1. Сактаи трансмуралӣ – мурдашавии ҳуҷайраҳои мушаки дил аз қабати берунӣ (эпикард) то қабати дарунӣ (эндокард)
2. Сактаи интрамуралӣ – мурдашавии ҳуҷайраҳои мушаки дил дар қисмати ғафсии девораи дил
3. Сактаи субэндокардиалӣ – мурдашавии ҳуҷайраҳои мушаки дил дар қисмати дарунии он
4. Сактаи субэпикардиалӣ – мурдашавии ҳуҷайраҳои мушаки дил дар қисмати берунаи он
Сактаи тарсмуралии миокард ҳангоми маҳкамшавии шараёнҳои коронарӣ ва қатъшавии гардиши хун ба амал меояд:
I. Вобаста ба андоза:
- Сактаи бузургманбаъ
- Сактаи хурдманбаъ
II. Вобаста ба ҷойгиршавӣ:
- Сактаи меъдачаи рост
- Сактаи меъдачаи чап
III. Вобаста ба ориза:
- Сактаи оризавӣ
- Сактаи бе ориза
Марҳилаҳои пайдошавии сактаи дил
Сактаи дил на вобаста аз намуд аз 4-марҳилаи асоси иборат аст.
- Марҳилаи шадидтарин – аз 10-20дақ. то 2соат.
- Марҳилаи шадид – аз 2 соат то 14 руз
- Марҳилаи зершадид – то 1 моҳ
- Марҳилаи баъдисактавӣ – аз 1 моҳ зиёд
Нишонаҳои сактаи дил
1. Пайдошавии дарди шадид дар қисмати мобайнии қафаси сина, ки метавонад ба шонаи чап, ҷоғи поён, гардан, дасти чап ва миён гузарад.
2. Арақи хунуки часпак ва пусти рангпарида
3. Ҳисиёти тарсу воҳима аз марг, дилтангӣ
4. Аломатҳои пайдошавии нафастангӣ
5. Яку якбора ва бе сабаб баланд шудани ҳарорати бадан то 38,5 С ва ғ.
Дар ҳолати пайдошавии ин аломатҳо зуд ба табиби қалбшинос (кардиолог) ва ё табиби оилавӣ муроҷиат намоед!
Ёрии аввалин ҳангоми сактаи дил
1. Сари вақт ба ёрии таъҷилӣ занг задан
2. Барои кумак наздикон ва ҳамсоягонро ҷеғ задан лозим
3. Тирезаҳоро бояд кушод, ки бемор бо ҳавои тоза таъмин гардад.
4. Бемор бояд дар ҳолати нишаста ва ё дарозкашида қарор бигирад ва ҳаракатҳои зиёдати накунад. Аз ҳаракатҳои ҷисмонӣ, роҳгардӣ ва хурдани ғизо худори намояд.
5. Аз қабули нитроглитсерин дасткашӣ кунад, чунки он метавонад зуд фишори хунро паст намояд. Мумкин аст, ки дар ҳолати дастрас будан 250 мг аспирин қабул кунад, дар ҳолати набудани ҳассосият!
Оризаҳои сактаи дил
Сабаи асосии ба марг дучор шудани одамон пас аз гузаронидани сактаи дил ин оризаҳои он мебошад. Онҳо метавонанд дар ҳолати сари вақт нарасонидани ёрии аваалини тибби ба вуҷуд оянд. Дар бисёр ҳолат ин оризаҳо беморро то ба марг оварда мерасонад.
- Норасогии шадиди дил
- Варамкунии шушҳо
- Таркиши миёнадевори меъдачаҳои дил
- Аневризмаи мушаки дил (миокард)
- Вайроншавии ритми дил
- Илтиҳоби перикард
- Синдроми баъдисактавӣ (синдроми Дреслер)
Ташхис ҳангоми сактаи дил
1. Анамнези ҳайётӣ ва шикоятҳои бемор
2. Сабти барқии дил (СБД -ЭКГ)
3. Тести фаврии хун барои муаян намудани Тропонини I, Миоглобин, Креатининфосфокиназа (КФК)
4. Ташхиси ултрасадои дил
5. Ангиографияи коронарӣ
Тавсия
Ҳангоми пайдошавии аломатҳои дар боло зикргардида ҳатман ба духтури минтақавӣ ва ё кардиолог муроҷиат намоед. Ба сари худ муолиҷа кардан даст надиҳед ва бепарвоӣ накунед, беморро танҳо нагузоред. Ҳамеша ғизои солим истеъмол кунед. Аз меваву сабзавоти тару тозаи Ватанӣ бештар истифода баред. Аз истеъмоли хурокҳои серавған даст кашед. Чарбуҳои ҳайвонотро кам хуред. Бештар ба тамрин ва обу тоби бадан машғул шавед ва ба камҳаракатӣ ва зиёдвазнӣ роҳ надиҳед.
Донишҷӯи курси 6, гурӯҳи 92,
факултаи тиббӣ Раҳимов Муслиҳиддин