САФАРИ ХИЗМАТИИ ПРОФЕССОР САНГИНОВ ҶУМЪАБОЙ РАҲМАТОВИЧ БА ЧИН: НАТИҶАҲО ВА ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОНКОЛОГИЯ
Тибқи фармони дахлдор ва даъвати Кумитаи ташкилии Анҷумани XXIX Ҷамъияти онкологҳои клиникии Чин (CSCO), доктори илмҳои тиб, профессор Сангинов Ҷ. Р. аз 15 то 25 сентябри соли 2026 дар доираи барномаи «Ҳафтаи бузурги онкологияи Чин» ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари хизматӣ анҷом дод. Дар рафти сафар ҳайати мутахассисони соҳаи онкологияи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз муассисаҳои пешрафтаи тиббӣ ва илмии шаҳрҳои Чанҷжоу, Ҷинан, Пекин ва Гуанҷжоу боздид намуда, дар Анҷумани XXIX CSCO ва ҷаласаҳои муштараки CSCO, ASCO ва ESMO иштирок кард. Ҳамзамон, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва омодасозии мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни боздид бо фаъолияти беморхонаҳои бузург, марказҳои миллии онкологӣ ва протонӣ, имкониятҳои ташхису табобати муосири бемориҳои саратонӣ, истифодаи робототехника, зеҳни сунъӣ, усулҳои каминвазивии ҷарроҳӣ, табобати ҳадафнок ва иммунотерапия шинос шуданд. Яке аз натиҷаҳои муҳими сафар ба имзо расидани меморандум оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва амалӣ байни Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беморхонаи якуми Донишгоҳи тиббии Гуанҷжоу мебошад. Санади мазкур гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ, бозомӯзии баъдидипломии мутахассисон ва ташкили мастер-классҳоро пешбинӣ менамояд.
Таҷрибаи Чин дар истеҳсоли таҷҳизоти муосири тиббӣ, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, ташкили скрининги бемориҳои саратонӣ ва рушди марказҳои махсусгардонидашуда барои низоми тандурустии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад. Муассисаҳои пешрафтаи Чин омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар самти таҳқиқоти муштарак, санҷишҳои клиникӣ, табодули таҷриба ва бозомӯзии мутахассисони тоҷик изҳор намуданд. Ҳамчунин, имкони ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистон, Чин ва Қазоқистон дар самти омӯзиши саратони шуш баррасӣ гардид.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамасола тақрибан 4,8-5,2 миллион ҳолати нави бемориҳои бадсифат ба қайд гирифта шуда, нишондиҳандаи зиндамонии панҷсола ба 43,7 фоиз расидааст. Ин омор зарурати рушди минбаъдаи пешгирӣ, ташхиси барвақт, скрининг ва татбиқи усулҳои самараноки табобатро таъкид менамояд.
Дар маҷмӯъ, сафари хизматӣ барои омузиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ ва фароҳам овардани заминаи густариши робитаҳои илмӣ ва амалии соҳаи онкологияи Тоҷикистон бо муассисаҳои бонуфузи Чин мусоидат намуд. Истифодаи мақсадноки натиҷаҳои сафар метавонад ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии онкологӣ, такмили ихтисоси мутахассисон ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад.