Сад ҷону дил фидои як муддаои модар
Модарони тоҷик аз зумраи занони хушбат ва саотаманди ҷаҳон буда, дар кишвар барои дастгирии онҳо беҳтарин шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Эълон намудани 8-март ҳамчун «Рӯзи бонувону модарон», ҷорӣ намудани талаботу меъёрҳо дар қонунгузории мамлакат далели ин гуфтаҳост. Дар моддаи 17-и қонуни асосии давлат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суханрониашон нисбат ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон занон низ дар баробари мардон ба фаъолияти пурсамар машғуланд. Тибқи маълумотҳо айни замон дар ҷомеаи Тоҷикистон шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд. Имрӯз ҳастанд бонувоне, ки тавассути корнамоиву ҷонисориҳои хеш Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ партавафшон мекунанд. Яке бо кори илмӣ, дигаре бо муваффақиятҳои варзишӣ, сеюмин бо малака ва таҳқиқотҳои пурарзиш.
Ин аст, ки ҳамасола ба муносибати таҷлили “Рӯзи Модар” ва ба хотири эҳтирому гиромидошти модарон ва бонувон дар саросари кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегардад.
Дар доираи Форуми умумиҷумҳуриявии занони фаъоли Тоҷикистон санаи 03.03.2021 дар толори “Сино”-и МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ҷамъомади идонаи фарҳангие бо иштироки меҳмонони форум баргузор шуд. Чорабиниро бахшида ба Рӯзи Модар муовини ректор оид ба тарбия н.и.т., дотсент Қурбонбекова Парвина Қамчибековна аз номи ректори донишгоҳ муҳтарам Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуд.
Баъдан дар бораи фаъолияти донишгоҳ, татбиқи сиёсати гендерӣ ва мақоми зан дар донишгоҳ суханронӣ намуд.Муовини ректори донишгоҳ дар рафти суханронии худ аз дастовардҳои назарраси бонувони кишвар, ба хусус кормандони соҳаи тиб ёдоварӣ карда, таъкид сохтанд, ки занон чароғи хонадон ва пешбарандаи хиради инсонианд. Арҷ гузоштан ба садоқату вафодории модарон қарзи ҳар як фард ба ҳисоб меравад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади қайд намуданд, ки “Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад”.
Бо ибтикори сарвари маърифатпарвари мо солимгардонии ҷомеа соҳаи афзалиятнок дониста шуда, дар ин раванд дар қатори мардони бонангу номуси кишвари маҳбубамон нақши занон низ назаррас мебошад. Алалхусус, ин падидаи нек дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино- муассисаи аосии олии таълимии тиббии кишвар баръало ҳувайдост. Ба ибораи дигар, занону духтарон дар фаъолияти таълимию тарбиявӣвамуолиҷавииин хазинаи маърифат нақшикалидиро касб намудаанд.
Раёсати донишгоҳ бо сарварии ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. оид ба татбиқ ва амалӣ намудани «Қонун дар бораи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа» бо назардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордонӣ занону духтарони лаёқатмандро ба вазифаҳои масъул ҷалб намуда, аз ҳайати профессорону омӯзгорон 365 занони корманди асосӣ 35 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор ва фаъолият менамоянд, ки 10 нафарашон аъзои Раёсати донишгоҳ мебошанд.
Олимазанҳо захираи бузурги зеҳнии донишгоҳи тиббӣ буда, истифодаи нерӯи зеҳнии ин қишри демографӣ барои пешрафти соҳаи маориф, тандурустӣ ва фармасевтии кишвар аҳамияти бузург дорад. Дар донишгоҳ-1 академик ва узвивобастаи АИТ ҶТ, 27 доктори илмҳои тиб, 206 нафар номзади илми тиб, 12 нафар профессорон, 17 нафар мудири кафедра, 1 нафар профессори фахрӣ кору фаъолият мекунанд. Саҳми онҳо дар рушди таълиму тарбияи донишҷӯён ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ назаррас мебошад. Имрӯз бисёр занон дар вазифаҳои роҳбарии донишгоҳ фаъолияти пурсамар доранд. Чунончи, Қурбонбекова П.Қ. муовини ректор оид ба тарбия, Ҷамолова Р.Ҷ. сардори шӯъбаи илм, ХоҷаеваН.М. деканифакултетитиббӣ, Усмонова Г.М. декани факултети педиатрӣ, Юлдошева У.П. декани факултаи фарматсевтӣ, Бобоева Л.А. котиби илмии Шӯрои олимон, Болтаева Л.Ҳ. мудири китобхона мебошад. Ҳамчунин 5 нафар бонувон ҷонишини декани факултаҳо буда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Дар донишгоҳ Шӯрои бонувон фаъолият мекунад, ки дар ҳафт самт таълим, тарбия, фарҳанг, тандурустӣ, умумӣ, хуқуқӣ ва байналмилалӣ фаъолият мекунанд.
Дастовардҳои олимаҳои донишгоҳро давлат ва Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуда, онҳоро сазовори мукофотҳои баланди давлатӣ гардонидааст, аз ҷумла: корманди шоистаи ҷумҳурӣ – 8 нафар, арбоби илм ва техника – 1 нафар, ордени Шараф – 2 нафар, медали Шафқат – 2 нафар, медали меҳнат ва шуҷоат – 1 нафар, барои хизмати шоиста – 6 нафар.
Боиси тазаккур аст, аз соли 1939 то имрӯз бештар аз 700 нафар олимаҳои донишгоҳ рисолаҳои илмии номзадӣ ва докториро ҳимоя кардаанд.
4 нафар олимаҳои ҷавон сазовори ҷоизаи Исмоили Сомонӣ гардидаанд.
Қобили қайд аст, ки дастовардҳои олимаҳои Донишгоҳи тиббӣ на танҳо дар қаламрави кишвар, балки берун аз он мақому манзалати хоса касб намудааст. Барои дастовардҳо дар ҷодаи ихтирооту навоварӣ дар соҳаи тиб дар Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор соли 2012 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ассистенти кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологияи кӯдакон Ҷонибекова Розия ҷои дуюмро ишғол намуда, бо медали нуқра сарфароз гашт. Соли 2013 н.и.т., ассистенти кафедраи ҷарроҳии кӯдакон Боқиева Гулбаҳор ба 2 медали тиллои Намоишгоҳи байналмилалии бонувони ихтироъкор дар Кореяи Ҷанубӣ ва ҷоизаҳои байналмилалӣ ноил гашт. Соли 2015 н.и.т. ассистенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 Файзуллоева Муҳаббат ва соли 2016 корманди калони Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ Маҳкамова Биҳамида дар ҳамин намоишгоҳ соҳиби медали тилло гардидаанд. Соли 2017 асситенти кафедраи химияи биорганикӣ Раҳимова Бибиробия, соли 2018 аспиранти кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ Вайдуллоева Миҷгон, соли 2020 ассистенти кафедраи биохимия Зоидова Мӯътабар соҳиби медалҳои тилло гардидаанд. Соли 2020 Вайдуллоева Миҷгон бо ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ҷавонон мукофотонида шудааст.
Дар ин ҷашни бошукӯҳ муовинони раиси ноҳияи Қубодиён, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, мудири бахши занони шаҳри Хуҷанд, мудири бахши занони шаҳри Бохтар, мудири бахши занони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣӣ, мудири бахши ҷавонони ноҳияи Айнӣ, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Биржаи меҳнати ҷавонон”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов Умед ширкат варзида, суханронӣ намуда, бо сипос аз қадрдонии Ҳукумати кишвар ба меҳнату заҳмати бонувон ва таваҷҷуҳи бемисл ба фаъолияти сиёсиву давлатӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онон, таъкид намуданд, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувону занон аз ин ҳам бештар муазаффариятҳоро касб хоҳанд кард.
Дар раванди ин чорабинии фарҳангӣ аз номи Ректори донишгоҳ чанде аз занону духтарони фаъоли муассисаро муовини ректор оид ба тарбия н.и.т., дотсент Қурбонбекова Парвина Қамчибековна ба муносибати Рӯзи Модар бо Ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонид.
Барномаи консертии дастаи ҳунарии “Шифо”-и донишгоҳ, ки маҳз ба ситоиши мавқеи баланду беҳамтои бонувон дар тамоми давраи ҳаёти инсон ва ҷомеа равона шуда буд, лаҳзаи фароғати иштирокчиёни чорабинии фарҳангиро хотирмон намуд.
Таибов С.А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Турсунова З.Г. - мутахассиси шуъба