САҲМИ КАФЕДРАИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯ ДАР ТАҲКИМИ МАЪРИФАТИ ТИББИИ АҲОЛӢ: ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ “ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНИСТ”

САҲМИ КАФЕДРАИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯ ДАР ТАҲКИМИ МАЪРИФАТИ ТИББИИ АҲОЛӢ: ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ “ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНИСТ”

Санаи 23 апрели соли 2026 омузгорон ва ординаторони клиникии кафедраи эндокринология таҳти роҳбарии мудири кафедра Ниёзова Н. Ф. дар барномаи маърифатии “Дунё пур аз ҷавонист”, ки тавассути Телевизиони “Сафина” пахш мегардад, иштироки фаъолона намуданд. Ҳадафи асосии иштироки ҳайати кафедра баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ, махсусан дар самти пешгирии бемории диабети қанд ва тарғиби тарзи ҳаёти солим буд.

Дар рафти барнома мутахассисон бо забони соддаву фаҳмо доир ба моҳият, сабабҳо ва омилҳои хавфноки диабети қанд маълумоти илмӣ пешниҳод намуданд. Таъкид гардид, ки диабети қанд яке аз бемориҳои музмин ва паҳншудаи аср ба ҳисоб рафта, дар сурати беаҳамиятӣ метавонад ба оризаҳои ҷиддӣ, аз ҷумла осеби рагҳои хунгард, дил, гурда ва биноӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, пешгирии барвақтӣ ва ташхиси саривақтии он аҳамияти калидӣ дорад.

Иштирокчиён зикр намуданд, ки омилҳои асосии хавф ба рушди диабети қанд вазни зиёдатӣ, камҳаракатӣ, ғизои носолим, ирсият ва стресс мебошанд. Дар баробари ин, тавсия дода шуд, ки барои нигоҳ доштани саломатӣ ҳар як шахс бояд тарзи ҳаёти фаъолро интихоб намуда, истеъмоли ғизои мутавозинро риоя кунад, миқдори шакар ва равғанҳоро маҳдуд созад ва мунтазам аз муоинаи тиббӣ гузарад.

Иштироки ҳайати кафедраи эндокринология дар чунин барномаҳои телевизионӣ намунаи равшани ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таълимӣ бо воситаҳои ахбори омма буда, ҷиҳати тарғиби донишҳои тиббӣ ва таҳкими саломатии ҷомеа нақши муҳим мебозад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


23.04.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php