САҲМИ ДОНИШГОҲ ДАР ТАРҒИБИ ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ
Раиси Шурои занону бонувони Донишгоҳ, номзади илмҳои сиёсӣ Амонзода Сабоҳат Бобишо дар барномаи «Мулоҳиза»-и телевизиони давлатии «Сафина» иштирок намуда, оид ба ташаббуси навбатии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027ғ2036» ибрози назар намуданд.
Зимни баромади худ Амонзода Сабоҳат Бобишо таъкид карданд, ки қабули қатъномаи мазкур аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид боз як далели равшани нуфуз ва мақоми баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буда, аз сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Қайд гардид, ки ташаббуси нави Тоҷикистон ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини зиндагии осоишта барои наслҳои оянда равона гардида, барои муттаҳид сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи пешгирии низоъҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳаммияти махсус дорад.
Ҳамзамон, мавсуф нақши ҷавонон ва занонро дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли ватандӯсту созанда муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсола метавонад ба густариши фарҳанги сулҳ ва таъмини рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Иштироки намояндаи Донишгоҳ дар чунин барномаҳои маърифатӣ ва иттилоотӣ бозгӯи саҳми муассиса дар тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву шаҳрвандии ҷомеа мебошад.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА