САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: ҲУСЕЙНЗОДА ЗАФАР ҲАБИБУЛЛО

САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: ҲУСЕЙНЗОДА ЗАФАР ҲАБИБУЛЛО

Ҳусейнзода Зафар Ҳабибулло аз зумраи он олимону табибони варзидаи тоҷик ба шумор меравад, ки фаъолияти бисёрсолаи илмӣ, амалӣ ва роҳбарикунандаи худро ба рушди соҳаи саратоншиносӣ ва такмили низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидааст. Ӯ 24 феврали соли 1969 дар шаҳри Ҳисор ба дунё омада, аз овони ҷавонӣ ба илму дониш ва касби табибӣ майлу рағбати зиёд зоҳир намудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1992 факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бомуваффақият ба анҷом расонида, фаъолияти меҳнатии худро оғоз намудааст.

Қадамҳои аввалини фаъолияти касбии ӯ ба сифати ҷарроҳ-саратоншинос дар самти омосҳои сару гардан дар Маркази саратоншиносӣ рост меояд. Дар ин давра ӯ таҷрибаи бойи амалӣ андӯхта, маҳорати касбии худро такмил додааст. Солҳои баъдӣ ҳамчун мудири шуъбаи умумии саратоншиносӣ фаъолият намуда, дар рушди сохтории муассиса ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ саҳми назаррас гузоштааст. Таҷрибаи идоракунӣ ва ҷаҳонбинии васеи ӯ замина фароҳам овард, ки соли 2006 ба вазифаи муовини директор таъин гардида, аз соли 2011 то соли 2024 роҳбарии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-ро ба уҳда гирад. Дар ин давра марказ ба яке аз муассисаҳои пешқадами илмӣ ва клиникии кишвар табдил ёфт.

Аз моҳи августи соли 2024 фаъолияти худро дар сохтори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино идома дода, ба ҳайси муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ фаъолият дорад. Ин марҳилаи нав дар фаъолияти ӯ идомаи мантиқии таҷрибаи чандинсолаи роҳбарикунӣ ва табобатӣ мебошад.

Фаъолияти илмии Ҳусейнзода Зафар Ҳабибулло низ хеле пурмазмун ва пурсамар аст. Ӯ баъди гирифтани тахассуси саратоншиносӣ, ординатура ва аспирантураро гузашта, соли 2004 рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд. Тадқиқоти ӯ ба масъалаҳои ташхис ва табобати саратони пӯсти сару гардан бахшида шуда буд. Соли 2012 дар яке аз марказҳои бонуфузи илмии Федератсияи Русия рисолаи доктории худро дар мавзуи табобати саркомаҳои бофтаҳои мулоим ҳимоя намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои тиб гардид. Ин тадқиқотҳо дар рушди усулҳои муосири ташхис ва табобати бемориҳои саратонӣ аҳамияти муҳим доранд.

Дар баробари фаъолияти илмӣ ва табобатӣ, ӯ пайваста ба такмили ихтисоси худ машғул буда, дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Федератсияи Русия, Белорусия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, кишварҳои Аврупо, Эрон ва Чин курсҳои таҷрибаомузӣ гузаронидааст. Ин таҷрибаҳо ба ӯ имконият додаанд, ки дониш ва малакаҳои муосири ҷаҳониро ба низоми тандурустии кишвар ворид намояд.

Ҳусейнзода Зафар Ҳабибулло дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ низ нақши калидӣ дорад. Бо талошҳои ӯ Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо зиёда аз 16 муассисаи илмии хориҷӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ӯ узви як қатор ассотсиатсияҳои байналмилалии онкологӣ буда, дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳм мегузорад. Иштироки фаъолона дар конфронсҳо, симпозиумҳо ва конгрессҳои байналмилалӣ имкон додааст, ки таҷрибаи пешқадам ба Тоҷикистон ворид гардида, сатҳи хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ӯ рушди инфрасохтори соҳаи саратоншиносӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ як қатор лоиҳаҳои миллӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ амалӣ гардидаанд. Ин лоиҳаҳо ба таҷдид ва муҷаҳҳазсозии шуъбаҳои ташхисӣ ва радиологӣ, инчунин омодасозии мутахассисони баландихтисос равона шудаанд. Бо ташаббуси ӯ дар минтақаҳои гуногуни кишвар шуъбаҳои нави радиологӣ таъсис ёфта, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ беҳтар гардид.

Ҳамзамон, ӯ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои миллии мубориза бар зидди бемориҳои саратонӣ саҳми назаррас гузоштааст. Барномаҳои марбут ба солҳои 2010-2015 ва инчунин барномаи нави солҳои 2025-2035 бо иштироки фаъоли ӯ таҳия гардидаанд. Ин барномаҳо ба пешгирӣ, ташхиси барвақт ва табобати самараноки бемориҳои саратонӣ равона шудаанд.

Фаъолияти омузгорӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ низ қисми муҳими фаъолияти ӯро ташкил медиҳад. Ӯ якчанд шогирдони илмиро омода намуда, дар рушди мактаби илмии саратоншиносӣ саҳм гузоштааст. Ҳамчунин, муаллифи зиёда аз 265 мақолаи илмӣ, чандин дастурҳои таълимӣ, монография ва патентҳо мебошад, ки дар рушди илм ва амалияи тиббӣ нақши муҳим доранд.

Хизматҳои арзандаи ӯ бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла, бо медалҳо ва нишонаҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ “Медали Хизмати шоиста” ва “Корманди шоистаи Тоҷикистон ”сарфароз гардонида шудааст. Аълочии тандурустии Тоҷикистон, Аълочии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали “Сино” аз қадршиносиҳои дигари Зафар Ҳабибулло мебошанд. Инчунин, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ассотсиатсияҳои касбӣ низ қадрдонӣ гардидааст. Медали Н.Н. Трапезников аз ҷониби Ассотсиатсияи онкологҳои Русия (АОР) барои дастовардҳо дар соҳаи онкологияи кишварҳои ИДМ, 11 сентябри соли 2023 дар Форуми 6-уми Ассотсиатсияи онкологҳои Русия (АОР) бо ҷоизаи академик А.И. Савицкий дар номинатсияи «Барои садоқат ба касб» сарфароз гардонида шудааст.
25 апрели соли 2024 бо грамотаи Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз ҷониби Дабири кулли ИДМ С.Н. Лебедев имзо шудааст, барои саҳми шахсӣ дар рушди ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи тандурустӣ ва расонидани кӯмаки онкологӣ мукофотонида шудааст.
Моҳи сентябри соли 2024 бо сипоснома аз ҷониби АДИОР ИДМ ва Авруосиё ва роҳбарияти ФГБУ «НМИЦ радиология» Вазорати тандурустии Федератсияи Русия барои фаъолияти пурсамар, садоқат ба касб ва саҳм дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шудааст.

Дар маҷмуъ, фаъолияти Ҳусейнзода Зафар Ҳабибулло намунаи барҷастаи хизмат ба илму тандурустӣ, садоқат ба касб ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Ӯ ҳамчун табиби ҳирфаӣ, олими варзида ва ташкилотчии муваффақ дар пешрафти соҳаи саратоншиносии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, бо фаъолияти худ дар беҳбудии саломатии ҷомеа нақши муҳим мебозад.


28.04.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php