САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: САДОҚАТ БА ИЛМ ВА НАҶОТИ НАВЗОДОН
Дар саҳифаҳои таърихи тибби муосири тоҷик номҳое сабт шудаанд, ки бо меҳнати содиқона ва тафаккури илмии худ дар ҳифзи саломатии инсон нақши бориз гузоштаанд. Яке аз чунин чеҳраҳои шинохта Додхоҳ Ҷамшед Саидбобо мебошад, ки фаъолияти илмиву амалӣ ва омузгории ӯ ба рушди педиатрия ва неонатология дар Тоҷикистон иртиботи қавӣ дорад.
Ӯ дар хонадони илм ва табобат ба дунё омадааст. Падари ӯ табиби ҳозиқ Додхоҳев Саидбобо ва модараш + академик, олими варзидаи соҳаи тандурустии Тоҷикистон Додхоҳева Мунаввара Файзуллоевна, ки ҳар ду бо фаъолияти пурсамари худ дар рушди тиб саҳми арзанда гузоштаанд, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва интихоби роҳи ҳаётии фарзанд таъсири амиқ расонидаанд. Маҳз ҳамин муҳити маърифатӣ замина гузошт, то ӯ роҳи илм ва табобатро бо ҳисси баланди масъулият интихоб намояд.
Додхоҳ Ҷамшед Саидбобо хатмкардаи факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (соли 1994) буда, пас аз он ординатураи клиникиро дар солҳои 1994-1996 идома додааст. Марҳилаҳои минбаъдаи фаъолияти ӯ бо такмили донишу таҷриба дар марказҳои пешрафтаи илмии Федератсияи Русия пайванд доранд. Ӯ ҳамчун табиб дар Институти тадқиқоти илмии акушерӣ ва гинекологии ба номи Д. О. Отти ва ҳамчун табиб-мушовир дар Институти тадқиқоти илмии психиотерапия ва психологияи клиникии шаҳри Санкт-Петербург (солҳои 2001-2008) фаъолият намудааст.
Фаъолияти омузгории ӯ низ пайваста рушд ёфтааст: аз ассистент (2008-2014) то дотсент (2014-2015), мудири кафедра (2015-2017) ва баъдан профессор. Ӯ дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 на танҳо ба таълими донишҷӯён машғул аст, балки мактаби илмии худро низ ташаккул додааст. Аз соли 2016 то соли 2024 ҳамчун сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ фаъолият бурда, дар таҳкими ҳамкориҳои илмии донишгоҳ бо муассисаҳои хориҷӣ саҳми назаррас гузоштааст. Айни замон, ӯ вазифаи муовини якуми ректори донишгоҳро оид ба корҳои таълимию методӣ ба уҳда дорад.
Самти асосии тадқиқоти илмии ӯ ба масъалаҳои мубрами неонатология равона шудааст. Аз ҷумла, ӯ ба омузиши мутобиқати бармаҳали баъдитаваллудии кӯдакони навзоди модарони гирифтори диабети навъи 1, ҳолатҳои резус-мухолиф, инчунин таъсири гипоксияи шадид ва музмин ба саломатии навзодон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудааст. Натиҷаҳои ин таҳқиқотҳо барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба навзодон аҳамияти амалӣ доранд.
Ҳамчун олим ва омузгор, Додхоҳ Ҷамшед Саидбобо муаллифи як қатор китобҳои дарсӣ ва монографияҳо мебошад, ки барои донишҷӯён, табибони ҷавон ва муҳаққиқон ҳамчун манбаи боэътимоди илмӣ хизмат мекунанд. Ӯ ҳамчунин соҳиби унвонҳои баланди илмӣ ва касбӣ- доктори илмҳои тиб, профессор ва аълочии тандурустии Тоҷикистон мебошад.
Хусусиятҳои инсонии ӯ хоксорӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб, дар баробари дониш ва таҷрибаи ғанӣ, ӯро ба яке аз чеҳраҳои намунавии илми тиб табдил додаанд. Меҳнати ӯ на танҳо дар шакли дастовардҳои илмӣ, балки дар ҳаёти ҳазорон кӯдаке, ки бо кӯмаки ӯ имкони зиндагии солим пайдо кардаанд, таҷассум меёбад.
Ҳамин тавр, фаъолияти Додхоҳ Ҷамшед Саидбобо намунаи равшани пайванди илм, амалия ва ахлоқи баланди касбӣ буда, барои насли ҷавони табибон ҳамчун мактаби ибрат хизмат мекунад.