САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: РАСУЛОВ УСМОН РАСУЛОВИЧ

САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: РАСУЛОВ УСМОН РАСУЛОВИЧ

Дар таърихи рушди илми тибби тоҷик шахсиятҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти пурсамар, заҳмати шабонарӯзӣ ва саҳми арзандаашон дар омода намудани мутахассисони баландихтисос мақоми хосса касб намудаанд. Яке аз чунин фарзонафарзандони миллат доктори илмҳои тиб, профессор Расулов Усмон Расулович мебошад, ки фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва табобатии ӯ бо саҳифаҳои дурахшони таърихи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва рушди мактаби терапевтии тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад.

Усмон Расулович Расулов 1 декабри соли 1940 дар деҳаи Заргари ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Аз овони кӯдакӣ бо меҳнатдӯстӣ, доништалабӣ ва масъулиятшиносӣ фарқ мекард. Пас аз хатми мактаби ҳафтсола соли 1955 ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1959 бо муваффақият ба анҷом расонид. Фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун фелдшери ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, солҳои 1959-1960 ба мардум хизмати содиқона кардааст. Ин таҷрибаи аввалин дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва интихоби роҳи минбаъдаи ҳаётии ӯ нақши муҳим бозид.

Солҳои 1960-1966 дар Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил намуда, ҳамчун донишҷӯи фаъол ва соҳибистеъдод шинохта шуд. Пас аз хатми донишгоҳ солҳои 1967-1969 ординатори клиникии кафедраи терапия буд. Баъдан ҳамчун табиби ташхиси функсионалӣ дар Маркази ҷумҳуриявии тарбодшиносӣ фаъолият намуда, аз соли 1970 ба аспирантураи кафедраи бемориҳои дарунии Институти тиббӣ қабул гардид. Дар ҳамин давра заминаҳои аввалини фаъолияти илмии ӯ ташаккул ёфтанд.

Соли 1973 рисолаи номзадии илмии худро дар мавзӯи масъалаҳои фаъолияти дил дар беморони гирифтори камхунӣ бомуваффақият ҳимоя намуд. Минбаъд ба ҳайси ассистент ва баъдан дотсенти кафедраи бемориҳои дарунии №1 фаъолияти омӯзгориро идома дод. Дар баробари таълим ва табобат ба корҳои илмӣ машғул шуда, тадқиқотҳои арзишмандро дар самтҳои бемориҳои хун, тарбодшиносӣ ва бемориҳои узвҳои дарунӣ анҷом дод.

Марҳилаи муҳимми фаъолияти илмии профессор Расулов ба солҳои 1986-1988 рост меояд, ки ҳамчун ходими калони илмии Институти тарбодшиносии Академияи илмҳои тиббии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият кардааст. Ин давра барои такмили ҷаҳонбинии илмии ӯ ва ворид намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба амалияи тибби тоҷик аҳамияти бузург дошт. Натиҷаҳои таҳқиқотҳои ӯ дар соҳаи тарбодшиносӣ ва бемориҳои узвҳои дарунӣ мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқони дохилу хориҷ қарор гирифтанд.

Соли 1990 рисолаи доктории худро ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои тиб гардид. Як сол баъд ба ӯ унвони илмии профессор дода шуд. Аз моҳи августи соли 1991 то соли 2015 мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3-и Донишгоҳ буд. Дар ин вазифа ӯ на танҳо фаъолияти кафедраро ба сатҳи нав бардошт, балки барои ташаккули мактаби илмии худ саҳми арзанда гузошт. Пас аз анҷоми фаъолияти мудирӣ то охирин лаҳзаҳои умр ҳамчун профессори ҳамин кафедра ба таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони ҷавон машғул буд.

Профессор Усмон Расулович яке аз олимони сермаҳсули соҳаи тиб маҳсуб меёфт. Ӯ муаллифи зиёда аз 400 асари илмӣ, аз ҷумла  мақолаи илмӣ, чандин монография, дастурҳои методӣ ва маҷмуаҳои илмӣ мебошад. Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии ӯ масъалаҳои бемориҳои хун, тарбод, бемориҳои роҳҳои нафас, узвҳои пешоб ва дигар бемориҳои дарунӣ буданд. Осори илмии ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои хориҷӣ низ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Хизматҳои профессор Расулов У. дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ низ назаррас мебошанд. Зери роҳбарии ӯ 4 нафар доктори илмҳои тиб ва 17 нафар номзади илмҳои тиб рисолаҳои илмии худро ҳимоя намудаанд. Ӯ ҳамчунин дар омода намудани ординаторони клиникӣ, магистрантон ва мутахассисони хориҷӣ саҳми арзанда гузоштааст. Шогирдони ӯ имрӯз дар муассисаҳои гуногуни тиббӣ ва илмии Тоҷикистон ва берун аз он фаъолият намуда, номи устодро бо эҳтиром ёд мекунанд.

Профессор Усмон Расулович пайваста барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили ихтисоси худ кӯшиш мекард. Ӯ дар марказҳои бонуфузи илмии шаҳри Москва курсҳои такмили ихтисосро аз рӯйи электрокардиография, иммунология, аллергология ва дигар самтҳои муҳими тиб гузаштааст. Дар айни замон иштирокчии фаъоли анҷуманҳо ва конференсияҳои байналмилалии илмӣ дар Латвия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Хитой ва дигар кишварҳо буд, ки дар онҳо натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии худро муаррифӣ мекард.

Фаъолияти пурмаҳсули илмӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятии профессор бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст. Соли 1989 соҳиби нишони «Аълочии тандурустии ИҶШС» гардид. Соли 2001 ба ӯ унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд. Соли 2011 бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Инчунин бо медали «Шафқат» ва медали «Сино» дараҷаи I мукофотонида шудааст.

Симои инсонӣ ва ахлоқии профессор Расулов У. Р. низ намунаи ибрат буд. Ҳамкорон ва шогирдон ӯро ҳамчун инсони хоксор, фарҳангӣ, донишманд, серталаб ва ҳамзамон ғамхору меҳрубон мешинохтанд. Ӯ ҳамеша ба омӯзиши ҷавонон, дастгирии муҳаққиқони навкор ва рушди илми тиб таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуд. Маҳз чунин хусусиятҳои наҷиби инсонӣ боис гардиданд, ки ӯ дар дилу хотири садҳо шогирд ва ҳамкорон ҷойгоҳи хос пайдо кунад.

Номи профессор Расулов Усмон Расулович дар саҳифаҳои таърихи тибби тоҷик ҳамчун донишманди барҷаста, омӯзгори асил ва табиби ҳозиқ абадан сабт гардидааст. Мероси илмии ӯ имрӯз низ барои муҳаққиқон ва табибони ҷавон сарчашмаи омӯзиш буда, фаъолияти пурсамараш намунаи олии хизмат ба илму маориф ва тандурустии миллӣ мебошад. Ҳаёти ин фарзанди фарзонаи миллат нишон медиҳад, ки бо меҳнати содиқона, иродаи қавӣ ва муҳаббат ба касб метавон дар рушди ҷомеа ва пешрафти илми ватан нақши арзанда гузошт. Зикри номи профессор Усмон Расулов ҳамеша бо эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги ӯ дар рушди илми тибби Тоҷикистон ҳамсадо хоҳад буд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


17.07.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php