САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: МУҲАББАТОЗОДА ҶИЁНХОН ҚУРБОН - ОЛИМ, ҶАРРОҲ ВА МУРАББИИ МАКТАБИ ТИББИИ ТОҶИК

САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: МУҲАББАТОЗОДА ҶИЁНХОН ҚУРБОН - ОЛИМ, ҶАРРОҲ ВА МУРАББИИ МАКТАБИ ТИББИИ ТОҶИК

Дар саҳифаҳои дурахшони илми тибби тоҷик номи олимону ҷарроҳоне сабт гардидааст, ки бо донишу таҷриба, ҷустуҷӯҳои илмӣ ва тарбияи насли ҷавони мутахассисон дар рушди соҳаи тандурустии кишвар саҳми арзанда гузоштаанд. Яке аз чунин чеҳраҳои шинохта Муҳаббатозода Ҷиёнхон Қурбон мебошад, ки табиби ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб, профессор, аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии маорифи Тоҷикистон ва яке аз намояндагони барҷастаи мактаби ҷарроҳии миллӣ.

Муҳаббатозода Ҷиёнхон Қурбон соли 1992 факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо муваффақият хатм намуда, фаъолияти касбии худро ҳамчун табиб-интерни кафедраи ҷарроҳии умумии №1 оғоз кардааст. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ӯ бо ҳисси баланди масъулият, ҷаҳонбинии илмӣ ва маҳорати амалӣ миёни ҳамкасбон мақоми хос пайдо намуд.

Фаъолияти бисёрсолаи ӯ роҳи пурифтихори камолоти касбӣ ва роҳбарӣ мебошад. Ӯ дар вазифаҳои гуногуни муҳими соҳа, аз ҷумла мудири кафедра, декани факултети тиббӣ, сардори шуъбаи таълим, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия содиқона фаъолият намудааст. Аз соли 2025 дар вазифаи ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, дар рушди такмили ихтисоси кадрҳои тиббӣ, татбиқи навгониҳои илмӣ ва таҳкими сиёсати кадрӣ саҳми муассир мегузорад.

Ҳамзамон, ӯ имрӯз низ ҳамчун профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №1 фаъолияти омузгорӣ ва илмии худро идома дода, барои тарбияи мутахассисони ҷавон хизматҳои назаррас анҷом медиҳад. Шогирдони зиёди ӯ имрӯз дар муассисаҳои табобатӣ ва таълимии кишвар фаъолият дошта, мактаби илмӣ ва ҷарроҳии устодро идома медиҳанд.

Самти асосии фаъолияти илмии профессор Муҳаббатозода ба масъалаҳои мубрами ҷарроҳии бавосир бахшида шудааст. Ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Интихоби усули ҷарроҳии бавосир» ва рисолаи докториро дар мавзуи «Пешомад, пешгироӣ, ташхис ва ҷарроҳии бавосири оризанок» бомуваффақият ҳимоя намудааст. Ин пажӯҳишҳо дар такмили усулҳои ташхису табобати бемориҳои проктологӣ дар тибби муосири тоҷик аҳаммияти калони илмӣ ва амалӣ доранд.

Муҳаббатозода Ҷиёнхон Қурбон муаллифи зиёда аз 150 мақолаи илмӣ, 3 монография, 20 пешниҳоди навоварӣ, 10 ихтироот ва чандин дастурҳои таълимию методӣ мебошад. Осори илмии ӯ дар рушди ҷарроҳии муосир, такмили таълими тиббӣ ва ворид намудани технологияҳои нав ба раванди муолиҷа саҳми назаррас гузоштаанд.

Хизматҳои шоистаи ӯ бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла, ӯ дорандаи медали “Хизмати шоиста” мебошад, ки нишони эътирофи саҳми арзандааш дар пешрафти илм, маориф ва тандурустии мамлакат аст.

Симои илмӣ ва инсонии профессор Муҳаббатозода Ҷиёнхон Қурбон барои ҷомеаи тиббии Тоҷикистон намунаи олии илм, касбият, садоқат ба пеша ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мебошад. Номи ӯ дар радифи олимону ҷарроҳони муваффақи тоҷик ҳамчун муаррифгари мактаби пешқадами ҷарроҳии миллӣ боқӣ хоҳад монд.


16.04.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php