САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК: АБДУРАҲМОНОВ ФОЗИЛ

САҲИФАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК:  АБДУРАҲМОНОВ ФОЗИЛ

Дар таърихи илми тибби тоҷик шахсиятҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти бисёрсолаи илмӣ, омӯзгорӣ ва ташкилии худ дар рушди мактаби миллии тиб саҳми босазо гузоштаанд. Яке аз чунин олимони маъруф доктори илмҳои тиб, профессор Абдураҳмонов Фозил мебошад, ки умри пурбаракати худро ба омӯзиш, таҳқиқ ва рушди илми анатомия, тарбияи кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва таҳкими низоми таҳсилоти олии тиббии кишвар бахшидааст.

Абдураҳмонов Фозил соли 1930 ба дунё омада, соли 1952 факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти илмӣ ба омӯзиши амиқи сохтори бадани инсон ва таҳқиқоти морфологӣ шавқу рағбати зиёд зоҳир намуда, барои идомаи таҳсил ба аспирантураи кафедраи анатомияи эътидолии одами Донишкадаи дуюми тиббии Москва ба номи И. В. Сталин фиристода шуд. Дар ҳамин ҷо ӯ заминаи устувори илмии худро гузошта, ба тадқиқоти фундаменталӣ дар соҳаи анатомияи инсон оғоз намуд.

Пас аз хатми аспирантура фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун ассистенти кафедраи анатомияи эътидолии одами Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон оғоз карда, солҳои 1955-1961 дар ин вазифа фаъолият намуд. Солҳои 1961-1967 ба ҳайси дотсенти ҳамин кафедра кор карда, ҳамзамон дар корҳои таълимӣ ва илмӣ саҳми назаррас гузошт. Маҳорати баланди омӯзгорӣ, ҷаҳонбинии васеи илмӣ ва қобилияти ташкилиаш боис гардид, ки солҳои 1957-1962 вазифаи директори Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанберо бар уҳда дошта бошад.

Солҳои 1963-1969 Абдураҳмонов Фозил ҳамчун декани факултетҳои педиатрӣ ва стоматологӣ барои такмили низоми таълим, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда гузошт. Давраи фаъолияти ӯ ҳамчун роҳбар бо ҷорӣ гардидани усулҳои нави таълим, тақвияти корҳои илмӣ ва густариши робитаҳои илмии кафедраҳо тавсиф меёбад.

Марҳилаи муҳимтарини фаъолияти ӯ ба роҳбарии кафедраи анатомияи эътидолии одам рост меояд. Солҳои 1964-1994 ӯ мудири кафедраи анатомияи эътидолии одам буда, дар ташаккули мактаби илмии анатомияи Тоҷикистон нақши калидӣ бозид. Минбаъд солҳои 1996-2006 роҳбарии кафедраи анатомияи муттаҳидаи одамро ба зимма дошт ва то охири умр ҳамчун профессори кафедраи анатомияи одам ба номи Я. А. Раҳимов фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии худро идома дод.

Самти асосии корҳои илмии профессор Абдураҳмонов ба омӯзиши сохтор ва таъминоти хунии узвҳои бадани инсон бахшида шудааст. Ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Таъминоти хуни шарёнии ҳастаи сурхи мағзи сари одам» ҳимоя намуда, баъдан бо таҳқиқоти густурдаи илмӣ рисолаи доктории худро таҳти унвони «Сохтори макро ва микроскопии рагҳои хунгарди узвҳои ҷафси шикам дар ҳолати баҳинҷор, ноқисӣ ва таҷриба дар шароити водӣ ва баландкӯҳ» бомуваффақият дифоъ кард. Натиҷаҳои ин тадқиқот барои рушди морфологияи таҷрибавӣ, анатомияи функсионалӣ ва ҷарроҳии амалӣ аҳаммияти муҳими илмӣ ва амалӣ дошта, дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб васеъ истифода гардиданд.

Дар баробари фаъолияти илмӣ, профессор Абдураҳмонов Ф. ҳамчун муаллифи китобҳои дарсӣ низ шуҳрати баланд касб намуд. Асари бунёдии ӯ китоби дарсии «Анатомияи одам» дар ду ҷилд яке аз беҳтарин китобҳои дарсии тоҷикӣ дар соҳаи тиб ба ҳисоб меравад. Ин китоб соли 1995 дар озмуни ҷумҳуриявии таълифи китобҳои дарсӣ сазовори мукофоти «Оли Сомон» гардида, соли 1998 ҳамчун китоби беҳтарини сол эътироф шуд. Солҳои зиёд ин китоб ҳамчун манбаи асосии таълим барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишвар хизмат намуда, дар баланд бардоштани сатҳи омӯзиши анатомия саҳми арзанда гузошт.

Фаъолияти пурсамари илмӣ ва омӯзгории профессор Абдураҳмонов Фозил бо омода намудани даҳҳо номзад ва доктори илм, таълифи садҳо мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимӣ ва корҳои методӣ ғанӣ гардидааст. Ӯ аз зумраи олимоне буд, ки тавонистанд мактаби илмии анатомияи тоҷикро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.

Хизматҳои шоистаи профессор аз ҷониби давлат ва ҷомеа бо мукофотҳои баланди давлатӣ қадрдонӣ шудаанд. Ӯ бо унвони Аълочии мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ, Аълочии тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ходими шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), инчунин узви ҳақиқии Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия (2004) интихоб гардидааст. Барои саҳми арзандааш дар рушди илму маориф бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1976), ордени «Шараф» дараҷаи II (2002) ва ҳафт медал сарфароз гардонида шудааст.

Номи профессор Абдураҳмонов Фозил имрӯз ҳамчун яке аз асосгузорони мактаби муосири анатомияи Тоҷикистон бо эҳтироми хоса ёд мешавад. Ӯ тамоми фаъолияти худро ба рушди илми тиб, такмили таълими анатомия, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва пешрафти муассисаи олии тиббии кишвар бахшида, мероси гаронбаҳои илмӣ ва омӯзгориро барои наслҳои ояндаи олимону табибон ба ёдгор гузоштааст. Ҳаёт ва фаъолияти ин донишманди варзида намунаи олии садоқат ба илм, касб ва Ватан буда, саҳми ӯ дар рушди тибби тоҷик ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


06.07.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php