РУШДИ УСТУВОРИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР ИСТИФОДАИ ОБ

РУШДИ УСТУВОРИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР ИСТИФОДАИ ОБ

Рушди устувор – таваҷҷуҳи наслҳои   гуногунро оид ба тағирёбии пайдарҳами рафтори одамон, гуруҳҳои иҷтимоӣ ва коллективҳои истеҳсолӣ нисбат ба захираҳои табии ва муҳити атрофро ба   нақша гирифта, амалӣ менамояд. Ин мафҳум аз ҷониби конфронсияи СММ дар РИО де Женейро ҳанӯз соли 1992 тасдиқ гадидааст. Сарчашмаи муарифии рушди устувор доираи васеи ақидаҳои гуногуни экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ- сиёсиро дар ҷомеа тарғиб намуда, имрӯз диққати ҷаҳониёнро ба худ чалб менамояд.

Об дурдонаи бебаҳоест, ки бе он сайёраи мо вучуд дошта намевонад. Вобаста ба имкониятҳои худ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёр давлатҳо ва иттиҳодияю созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои зичу ҳамаҷониба барқарор менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ оид ба муносибаҳои марбут ба захираҳои табиат ё зарурияти таъмини рушди босуботи иктисодии худ, истифода намуда равандҳои муҳими ҳалталабро пешкаши ҷаҳониён меамояд.   Бо назардошти дорои захирахои бузурги оби нушоки будани рушди устувори мамлакат бештар аз ҳама бо истифодаи самаранок дар ҳифзи захираҳои об аз ифлосшави вобаста мебошад.    

Ҳамин нуқтаро бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд маротиба дар минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид суханронӣ намуд ва бо пешниҳоди ӯ соли 2003-юмро «Соли байналмиллалии оби тоза», соли 2005 «Об барои ҳаёт» ва соли 2017 Даҳсолаи «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» қабул гардид, ки ин омил боз як нишонаи муҳими он аст, ки ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавии ҷаҳони имрӯз оид ба об яке аз самтҳои сиёсати давлатии хориҷии давлати мо омода гардида яке аз ташаббусҳои созандаи Президенти ҶТ дар ин самт ба хотири саодати тамоми сайёра ва дастрасии он бо оби тозаи нушокӣ равона гардидааст. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани он ба ҳар як фарди тоҷик ифтихори бузург аст.

Масъалаи нарасидани оби нушокӣ, ки имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 1 млрд 200 миллион нафарро дарбар мегирад, яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби замони муосир ба шумор меравад, зеро об сарчашма ва нерубахши ҳаёти инсон дар рӯи замин ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи асосии оби тоза мебошад буда дар сиёсати худ оид ба муносибатҳои марбут ба захираҳои табиат ё зарурияти таъмини рушди босуботи иктисодии дар Осиёи Маркази ба берун аз он мавқеи асосиро амалӣ менамояд. Бо назардошти дорои захираҳои бузурги оби нушоки будани рушди устувори мамлакат бештар аз ҳама бо истифодаи самаранок дар ҳифзи захираҳои об аз ифлосшави вобаста мебошад.

Боиси ифтихор ва сарфарози аст, ки ташаббуси навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки ба рушди устуворӣ ҷомеа таъсири мусбӣ расонида метавонад аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуд. Дар Паёми шодбошии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2022 қайд намуданд, ки «14-уми декабри соли 2022 Маҷмааи умумии Созмони Милали Мутаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд. Тибқи ин қатънома аввалан, «Соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон карда шуд. Дуюм ин ки аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» таҷлил карда мешавад». Ин руйдоди иқдоми муҳим ва таърихии Сарвари давлат идомаи ташаббусҳои навбатӣ дар рушди устувори об ва ҳифзи пиряхҳо мебошад.

 

Каримова А.Р.- муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


02.11.2023 847

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php