РОБИТАИ НАЗАРИЯ ВА АМАЛ ДАР ОМУЗИШИ ФИЗИОЛОГИЯ
Дар кафедраи физиологияи нормалӣ ҳамасола бо мақсади мустаҳкам кардани дониши назариявӣ ва такмил додани малакаҳои амалии донишҷӯён машғулиятҳои амалӣ гузаронида мешаванд. Ин машғулиятҳо имкон медиҳанд, ки донишҷӯён донишҳои аз лексияҳо гирифтаашонро дар амал санҷанд ва малакаҳои таҷрибавии худро таҳким бахшанд. Гузаронидани корҳои лабораторӣ дар омӯзиши физиологияи нормалӣ аҳамияти махсус дорад. Маҳз тавассути таҷрибаҳои лабораторӣ донишҷӯён қонуниятҳои асосии фаъолияти организм равандҳои физиологии системаҳои гардиши хун, нафаскашӣ, ҳозима ва системаи асабро бо чашми худ мушоҳида мекунанд.
Ин корҳо дониши назариявиро аёнӣ ва фаҳмо месозанд.Ҳамчунин корҳои лабораторӣ дар донишҷӯён малакаи кор бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва озмоишӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ, дуруст ба қайд гирифтан ва таҳлил намудани натиҷаҳоро ташаккул медиҳанд. Инчунин онҳо тафаккури мантиқӣ, диққат, масъулиятшиносӣ ва малакаи кори гурӯҳиро инкишоф медиҳанд, ки барои табиби оянда зарур мебошанд.Чунин машғулиятҳои амалӣ дар таълими физиологияи нормалӣ аҳамияти калон доранд, зеро онҳо робитаи назария ва амалро таъмин намуда, донишҷӯёнро ба кори мустақилонаи таҷрибавӣ ва фаъолияти ояндаи касбӣ омода месозанд.
Кафедраи физиологияи нормалӣ