РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР КАФЕДРАИ АНЕСТЕЗИОЛОГИЯ ВА РЕАНИМАТОЛОГИЯ
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳои амалӣ ва диққатҷалбкунада будани дарсҳо таърихи 31.03.2022 дар кафедраи анестезиология ва реаниматология дарси кушод дар мавзӯи «Механизми таъсири релаксантҳои мушакӣ, тарзи истифодаи онҳо дар амалия тиб» гузаронида шуд, ки дар он донишҷуёни курси 6-уми факултети тиббӣ гуруҳҳои 2,3,4,5-ум иштирок намуданд. Дарсро мудири кафедра н.и.т. Давлатзода Б.Х. кушода, мақсади гузаронидани машғулятҳои амалӣ дар кафедраро баланд бардоштани савияи дониши донишҷуён унвон кард. Донишҷуёни гуруҳи 4-уми факултети тиббӣ Раҷабзода Диловаршоҳ ва Ҳасанов Муҳамадраҷаб доир ба мавзӯъ дар шакли шифоҳӣ ва слайдҳо маърӯза намуданд.
Пас аз анҷоми дарс аз тарафи донишҷуён саволҳо пешниҳод шуда, устодони кафедра ба маҳорати маърузачиён баҳои баланд доданд.
Давлатзода Б.Х. н.и.т.-мудири кафедра
Раҳимов Н.Г. н.и.т.- ассистенти таълим