РӮЗИ ТАБИБОН – АРҶГУЗОРӢ БА РИСОЛАТИ МУҚАДДАСИ ТАБИБ

РӮЗИ ТАБИБОН – АРҶГУЗОРӢ БА РИСОЛАТИ МУҚАДДАСИ ТАБИБ

Ба муносибати зодрӯзи абармарди илму маърифат ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Абуалӣ ибни Сино, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи табибон таљлил карда мешавад, дар радиои «Садои Душанбе» барномаи вижа баргузор гардид.

Дар барнома дотсенти кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б.Исҳоқии Донишгоҳ – Ғуломов Зафархоҷа Саидбекович ва донишҷӯйи курси панҷуми факултети тиббии Донишгоҳ Абдураҳимова Шоира иштирок намуда, перомуни аҳаммияти ин санаи фархунда, рисолати табиб ва нақши илму дониш дар рушди соҳаи тандурустӣ андешаҳои худро баён карданд. 

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки номи Ҳаким Буалӣ Сино ҳамчун рамзи илм, инсондӯстӣ ва садоқат ба касби табибӣ дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хос дорад. Мероси илмии Сино барои табибони имрӯз низ сарчашмаи арзишманди дониш ва мактаби бузурги ахлоқи касбӣ маҳсуб меёбад.

Яке аз мавзуъҳои меҳварии барнома таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абуалӣ ибни Сино барои кормандони соҳаи тандурустӣ буд. Зикр гардид, ки чунин иқдом бозгӯйи эҳтироми баланд ба аҳли тиб ва саҳми арзандаи табибон дар ҳифзи саломатии инсон буда, барои рушди илми тиб ва муаррифии дастовардҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар идомаи барнома таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи тандурустӣ махсус таъкид шуд. Қайд гардид, ки дар зарфи 35 соли Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббӣ, рушди илми тиб, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Иштироки намояндагони Донишгоҳ дар чунин барномаи радиоӣ на танҳо арҷгузорӣ ба шахсияти безаволи Абуалӣ ибни Сино ва касби пуршарафи табибӣ, балки муаррифии мавқеи ҷавонон ва мутахассисони соҳаи тиб дар рушди тандурустии кишвар мебошад.

Муовинати тарбия


20.08.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php