РӮЗИ ОМӮЗГОР
Санаи 4-уми октябри соли 2026 дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона аз ҷониби ассистенти кафедра Бобоева Х.А. ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббии гурӯҳи 7-ум дарси кушод дар мавзӯи: “ Рӯзи омӯзгор” гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳҳои номбурда пурмазмун пешкаши ҳамагон намуданд.
Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.
Рӯзи омӯзгор яке аз ҷашнҳои муҳими соҳаи маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин рӯз барои арҷгузорӣ ба заҳмату меҳнати омӯзгорон, устодон ва ҳамаи кормандони соҳаи маориф таҷлил карда мешавад. Омӯзгор дар ҷомеа шахсест, ки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, дониш, маърифат ва ахлоқи насли наврас нақши муҳим дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор ҳамасола 5-уми октябр таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн баёнгари эҳтироми самимии ҷомеа нисбат ба шахсоне мебошад, ки тамоми умри худро ба таълиму тарбияи насли ҷавон бахшидаанд. Омӯзгор танҳо омӯзандаи фан нест. Ӯ роҳнамо, тарбиятгар ва намунаи ахлоқӣ барои шогирдон мебошад. Ҳар як инсон дар роҳи зиндагӣ аз омӯзгори худ сабақҳои муҳим мегирад. Маҳз бо кӯшишу заҳмати омӯзгорон кӯдакон хондану навиштан, андешидан, мустақилона қарор қабул кардан ва барои ояндаи худ масъулият доштанро меомӯзанд. Дар таърихи халқи тоҷик эҳтиром ба устод ва омӯзгор ҷойгоҳи махсус дорад. Аз замонҳои қадим дониш ва маърифат ҳамчун арзишҳои бузург эътироф гардидаанд. Осори бузургони адабиёти тоҷик низ аҳамияти илму дониш ва нақши устодро дар ҳаёти инсон таъкид мекунад. Дар шароити имрӯза рушди маориф яке аз самтҳои муҳими пешрафти ҷомеа мебошад. Омӯзгорони тоҷик бо истифода аз усулҳои нави таълим, технологияҳои муосир ва донишҳои нав кӯшиш мекунанд, ки сифати таълиму тарбияро боз ҳам беҳтар намоянд. Меҳнати онҳо дар тарбияи насли босавод, ватандӯст, масъулиятшинос ва соҳибмаърифат аҳамияти калон дорад.Рӯзи омӯзгор инчунин барои худи омӯзгорон як рӯзи ифтихор ва масъулият мебошад. Ин рӯз ба онҳо имкон медиҳад, ки натиҷаи фаъолияти худро арзёбӣ намуда, барои расидан ба дастовардҳои нав кӯшиш кунанд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона