РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР, ҲИФЗШУДА ВА БОЭЪТИМОД
Ин рӯз ҳамасола 31-уми август ин рӯз таҷлил мегардад. Созмони Милали Муттаҳид ҳамроҳ бо як қатор ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории он ҳамкорӣ менамоянд.
Фикри асосӣ дар он аст, ки зеҳни сунъӣ бояд ба инсон кӯмак кунад, зарар не. Бо назардошти суръати баланди рушди ин технология, ҳар андоза қудрати он меафзояд, ҳамон андоза зарурати танзими дуруст, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳифзи боэътимоди маълумот ошкортар мегардад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шахс, аз таҳиягарон то корбарони оддӣ, даъват мешавад, ки нисбат ба ин технология муносибати масъулона дошта бошад ва аз имкониятҳои он барои беҳбуди зиндагии ҷомеа самаранок истифода барад.
Зеҳни сунъиро метавон яке аз муҳимтарин дастовардҳои илмии замони муосир номид. Имрӯз он дар соҳаҳои гуногун, аз тибб ва маориф то саноат, кишоварзӣ ва идоракунии давлатӣ, ба таври васеъ татбиқ мегардад. Ин технология иҷрои корҳоро тезу осон менамояд ва дар маҷмӯъ ба беҳбуди сифати зиндагии инсон мусоидат мекунад.
Мисолҳои он дар ҳаёти ҳаррӯза зиёданд. Табибон ба ёрии он бемориҳоро саривақт ташхис медиҳанд, муаллимон барои ҳар шогирд роҳи алоҳидаи таълим меҷӯянд, деҳқонон ҳолати киштро назорат мекунанд ва муассисаҳо корҳои якнавохтро ба мошин месупоранд. Ҳамаи ин вақт ва қувваи инсонро сарфа мекунад.
Бо вуҷуди ин, истифодаи нодурусти ҳамин технология метавонад зарарҳои ҷиддӣ ба бор орад. Аз ҷумла, хавфи дуздии маълумоти шахсӣ, паҳншавии иттилооти бардурӯғ, поймолшавии ҳуқуқи инсон ва вобастагии аз ҳад зиёди ҷомеа ба низомҳои рақамӣ вуҷуд дорад. Маҳз аз ҳамин сабаб таъмини бехатарӣ ва эътимоднокии он на интихоб, балки зарурати ҳатмӣ мебошад.
Барои он ки ба зеҳни сунъӣ боварӣ дошта бошем, бояд чанд чизро риоя кунем. Кори система бояд барои одам фаҳмо бошад, то ҳар кас донад, ки он чӣ тавр қарор мебарорад. Маълумоти шахсии мардум бояд дар амон монад, ва қарорҳои тақдирсоз ҳамеша дар дасти инсон, на мошин, бошанд. Ба ин бояд виҷдони таҳиягарон ва қонунҳои дурусти давлатӣ илова шаванд, зеро бидуни ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ин корро ба сомон расонидан душвор аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванди ҷаҳонӣ дар канор намондааст. Таълими насли ҷавон, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва дастгирии ташаббусҳои навоварона заминаи боэътимодеро фароҳам меоваранд, ки дар оянда истифодаи дуруст ва бехатари ин технологияро таъмин хоҳад кард.
Нақши асосӣ дар ин кор аз они ҷавонон аст. Маҳз онҳо фардо ин технологияро месозанд ва пеш мебаранд. Бинобар ин, ҳар қадар ки имрӯз ба таълим ва ҷустуҷӯи илмии онҳо шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар ояндаи мо боэътимодтар мешавад.
Он ки зеҳни сунъӣ ояндаи инсониятро дигаргун месозад, шубҳае надорад. Масъалаи аслӣ дар он аст, ки оё мо тавони бехатар нигоҳ доштани онро хоҳем дошт. Ин вазифа на бар дӯши як шахс, балки масъулияти муштараки давлат, ҷомеаи илмӣ, таҳиягарон ва тамоми аъзои ҷомеа мебошад. Агар дониш, масъулият ва ҳамкориро якҷо кунем, ин технология барои инсон на хатар, балки ёвари ҳақиқӣ хоҳад шуд.
Арабзода С. Н.-н.и.т., омузгори калони кафедраи физиологияи нормалӣ