РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ВА ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ПИСАРОНИ ВАФОДОРИ ХАЛҚИ ТОҶИК – ИН ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗА АСТ

РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ВА ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ПИСАРОНИ ВАФОДОРИ ХАЛҚИ ТОҶИК – ИН ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗА АСТ

Мо бо ифтихор мегӯем, ки дар канори намояндагони халқҳои дигар садҳо ҳазор нафар аз мардуми тоҷик низ мубориза бурданд. Писарони ҷасури Тоҷикистон дар таъмини ғалаба саҳми арзанда гузоштанд.

Воқеаҳои қаҳрамонона, фоҷиавӣ ва даҳшатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ миёни халқҳои ИҶШС ва Олмони фашистӣ то имрӯз на танҳо дар саҳифаҳои таърих, балки дар қалб ва ҷони одамоне, ки ҷасорати насли пирӯзро хуб дар ёд доранд ва бо ифтихор ёдовар мешаванд, садо медиҳад. Ин, хусусан, бо назардошти таҷлили бошукӯҳи санаи муҳими 81-умин солгарди Ғалабаи Бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хеле муҳим аст.

Дар ин ҷанги сахттарин, ки боиси марги 27 миллион шаҳрванди шӯравӣ гардид, сарнавишти ҳаёт ва мамот ва ояндаи давлати Шӯравӣ муайян мешуд. Ва даъвати Ватан барои ҳимояи озодии халқи шӯравӣ онҳоро дар як иттифоқи ҷангии бародарӣ сахт муттаҳид намуд.

Дар моҳҳои аввалини вазнинтарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ, талафоти зиёд ва шикастҳои муваққатӣ боиси оқибатҳои фоҷиабор барои Иттифоқи Шӯравӣ шуданд. Омодагии босуръат ва сафарбаркунии захираҳои ҷангӣ зарур буд, зеро вазъият дар соли аввали ҷанг дар ҳама фронтҳо пешгӯинашаванда буд ва қувваҳои иловагӣ барои сафарбаркунии ҳарбӣ ва таҳкими ақибгоҳ лозим буданд.

Бояд қайд кард, ки 22 июни соли 1941 хабари бади ҷанг дар Тоҷикистони офтобӣ низ паҳн шуд. Мардуми тоҷик аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба пирӯзӣ бар фашизм қатъӣ бовар доштанд ва дар баробари дигар халқҳои ИҶШС, саҳми арзандаи худро дар расидан ба пирӯзии бузурги таърихӣ гузоштанд.

Дар Ҳизби Коммунистӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи асосӣ дар нақшаи дастгирии фронт ташкили даъвати ашхоси ба хизмати ҳарбӣ муҳайё ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буд. Ба ҳамаи шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ кормандони дастгоҳи Ҳизби Коммунистӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ барои расонидани кӯмаки амалӣ дар маҳалҳо фиристода шуданд. Шумораи одамоне, ки бо майли ихтиёрӣ ба фронт рафтан доштанд, танҳо дар моҳҳои июн-августи соли 1941 аз 5857 нафар зиёд буданд.

Аз Тоҷикистон, ки аҳолии он 1,5 миллион нафар буд, дар солҳои ҷанг беш аз 290 ҳазор нафар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи даъват шуданд. Дар баробари даъватшавандагон, бо шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба», ҶШС Тоҷикистон дар ақибгоҳи амиқ миллионҳо сӯми шӯравӣ, тоннаҳо маҳсулоти хӯрокворӣ, миллионҳо сар чорво, ҳазорҳо техника ва бисёр чизҳои дигарро ба фронт фиристонданд.

Муҳим он аст, ки дар робита ба норасоии кадрҳои ҳарбӣ дар фронтҳои ҷанг, дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, бахусус дар Тоҷикистон, муассисаҳои махсуси ҳарбӣ-таълимӣ бо мақсади тайёр кардани афсарони хурд, офицерон ва мутахассисон таъсис дода шуданд. Танҳо дар Тоҷикистон то моҳи январи соли 1942 беш аз 29 беморхонаи эвакуатсионӣ таъсис ёфта буд, ки аз инҳо 22 беморхонаи эвакуатсионӣ дар шаҳри марказии Сталинобод ҷойгир буданд. Ба шарофати иқлими хуби Тоҷикистон, фаровонии доруҳои гиёҳӣ ва захираҳои табиӣ, вазъияти ором, нигоҳубини касбӣ ва босифати табибон ва ҳамшираҳои шафқат, дар тамоми давраи фаъолияти худ беморхонаҳои эвакуатсионии Тоҷикистон беш аз 50 000 сарбози захмиро ба пой бардоштанд.

Дар дар ҷабҳаҳои гуногуни Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 92 ҳазор сарбози даъватшудаи тоҷик ҷони худро барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ ҷон фидо карданд.

Қаҳрамонии беназирашон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба Негмат Қарабоев, Исмоил Хамзалиев, Ходи Кенҷаеву, Домулло Азизов, Ахмаҷон Қурбонов, Бокир Давлатов, Раҳимбой Раҳматов, Саидқул Турдиев, Сафар Амиршоев, Эргаш Шарифов, Фатхулло Ахмедов, Хайдар Қосимов и Исмат Шарифов Тоҷикистон бо унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаҳо аҳамияти калон медиҳанд ва дар бисёре аз суханрониҳои худ дар назди мардум таъкид мекунанд, ки таъмини шароити мусоиди зиндагӣ барои собиқадорон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазифаи ҳаётан муҳим ва масъулияти иҷтимоии ҳар як роҳбар, шаҳрванди фаъол ва шахсияти бошараф аст. Бо таҷлили ҳарсолаи Рӯзи Ғалаба дар миқёси бузург ва бо гармӣ, мо ба башарият нишон медиҳем, ки танҳо тавассути ваҳдат ва дӯстӣ мо метавонем сайёраро аз ҳама гуна даҳшатҳои ғайриинсонӣ, хунрезӣ ва найрангҳои нерӯҳои террористӣ ва экстремистӣ муҳофизат кунем.

Дар яке аз суханрониҳои табрикотии худ, Сарвари давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: “9 май рӯзи шодӣ, хушбахтӣ ва арҷгузорӣ ба хотираи муқаддаси онҳое аст, ки барои озодии миллатҳо ҷони худро фидо кардаанд. Имрӯз, мисли солҳои қаблӣ, мо дар назди хотираи ҳамаи қурбониёни ин ҷанги даҳшатнок сари худро хам мекунем. Ҷашни Рӯзи Ғалаба ва гиромӣ доштани хотираи фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда, инчунин омили муҳим дар тарбияи насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, шуҷоат ва мардонагӣ аст.”

 

Наҷмиддинова Д. М.- н и. ф., омӯзгори кафедраи забони лотинӣ


02.05.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php