РӮҲИ ШИРИНШОҲ БАРХЕЗ, ОЛИ СОМОН МЕРАСАД..... (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

РӮҲИ ШИРИНШОҲ БАРХЕЗ, ОЛИ СОМОН МЕРАСАД..... (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

Рӯҳи Шириншоҳ бархез Оли Сомон мерасад,

Мислатон як Қаҳрамони Тоҷикистон мерасад..

Дар саҳифаҳои таърихи миллатҳо рӯйдодҳое ҳастанд, ки танҳо воқеаи сиёсӣ набуда, балки таҷассумгари эҳёи рӯҳу ҳувият, бедории виҷдон ва пайванди наслҳо ба ҳисоб мераванд. Бозгардонидани мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат - Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нуратулло Махсум ва фарзанди фарзонаи миллат Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москва ба Ватан аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои сарнавиштсоз маҳсуб меёбад. Ин иқдоми таърихӣ дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънои амиқи сиёсиву маънавӣ дошта, рамзи эҳтиром ба таърих, арҷгузорӣ ба гузашта ва эҳёи ҳақиқати таърихии миллат мебошад.

Дар тӯли таърих фарзандони барӯманди тоҷик барои бақои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва озодии халқ ҷоннисорӣ кардаанд. Вале давраҳои пурошӯби сиёсии асри гузашта боис гардид, ки номи бисёре аз чеҳраҳои ватандӯст таҳриф гардад ё ба фаромӯшӣ равад. Аз ҷумла, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нуратулло Махсум, ки аз поягузорони давлатдории навини тоҷикон буданд, дар гирдоби сиёсатҳои золимонаи даврони сталинӣ қурбон шуданд. Онҳо барои ормони миллат, барои соҳибдавлат шудани тоҷикон ва ҳифзи ҳастии миллӣ мубориза бурда, дар роҳи ҳақиқат шаҳид гардиданд.

Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи шахсиятҳои нодири сиёсӣ ва миллӣ буд, ки тамоми ҳастии худро ба ҳифзи манфиатҳои халқи тоҷик бахшидааст. Ӯ дар айёме, ки масъалаи мавҷудияти миллати тоҷик зери суол қарор дошт, бо ҷасорат ва иродаи қавӣ аз ҳаққи таърихии тоҷикон дифоъ кард. Маҳз чунин фарзандони огоҳ буданд, ки тухми худшиносӣ ва давлатдории миллиро дар замири миллат коштанд. Агар муборизаҳои сиёсӣ ва ҷоннисориҳои онҳо намебуд, шояд имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол вуҷуд надошт.

Бозгардонидани хоки муқаддаси ин фарзандони миллат ба Ватан танҳо як маросими рамзӣ нест. Ин эҳтироми давлат ба таърих, ба қаҳрамонони миллат ва ба адолати таърихист. Миллате, ки аз фарзандони содиқи худ ёд намекунад, наметавонад ояндаи устувор дошта бошад. Аз ин рӯ, ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як амали бузурги ватандӯстона ва инсонӣ аҳамияти таърихӣ дорад.

Лаҳзаи истиқболи мушти хоки Қаҳрамонони Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе яке аз саҳифаҳои таъсирбахши таърихи навини кишвар гардид. Ҳузури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқбол нишон дод, ки давлат ва роҳбарияти олии он ба фарзандони содиқи миллат эҳтироми хосса доранд. Ин манзара барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дарси ватандорӣ, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба таърих буд.

Пешвои миллат аз нахустин рӯзҳои роҳбарии худ масъалаи эҳёи таърих, таҳкими худшиносии миллӣ ва гиромидошти чеҳраҳои барҷастаи миллатро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил доданд. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи миллат аз нав омухта шуд, номи абармардони миллат эҳё гардид ва рӯҳи худшиносӣ дар ҷомеа қувват гирифт. Агар имрӯз ҷавонони тоҷик аз қаҳрамонони миллӣ ифтихор доранд, ин натиҷаи сиёсати фарҳангиву маънавии Пешвои миллат аст.

Бозгардонидани хоки Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рамзи пайванди насли муассисони давлатдории тоҷикон бо насли эҳёгари истиқлол мебошад. Агар Шириншоҳ ва ҳамсафонаш барои ташаккули давлати тоҷикон мубориза бурда бошанд, Эмомалӣ Раҳмон ин давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба кишвари соҳибнуфуз ва устувор табдил доданд. Аз ҳамин ҷост, ки мардум Пешвои миллатро идомадиҳандаи ормонҳои фарзандони бузурги миллат медонанд.

Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон танҳо як санаи сиёсӣ нест. Он натиҷаи садсолаҳо мубориза, ранҷ ва ҷоннисориҳои фарзандони миллат мебошад. Имрӯз вақте мушти хоки Шириншоҳ ба хоки Ватан пайваст, гӯё рӯҳи таърих дубора зинда гардид. Гӯё худи таърих ба миллат паём дод, ки роҳи интихобкардаи тоҷикон роҳи ҳақиқат, ваҳдат ва давлатдорист.

Ин рӯйдод аҳамияти бузурги тарбиявӣ низ дорад. Насли ҷавон бояд бидонад, ки давлатдорӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ҳар ваҷаб хоки Ватан, барои ҳар ҳарфи “тоҷик” фарзандони миллат қурбонӣ додаанд. Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар абармардон намунаи олии ватандорӣ ва садоқат ба миллат мебошанд. Арҷгузорӣ ба онҳо арҷгузорӣ ба худи миллат аст.

Имрӯз Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар роҳи рушд ва ободӣ қарор дорад. Дар чунин шароит бозгардонидани хоки фарзандони фарзонаи миллат маънои рамзии амиқ дорад. Ин амал нишон медиҳад, ки давлат на танҳо ба имрӯз, балки ба гузашта ва ояндаи миллат низ масъул аст. Давлате, ки таърихи худро эҳтиром мекунад, ҳатман ояндаи дурахшон хоҳад дошт.

Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ тавонистанд ормони наслҳои гузаштаро амалӣ созанд. Агар Шириншоҳ Шоҳтемур барои таъсиси давлати тоҷикон мубориза бурда бошад, Эмомалӣ Раҳмон онро таҳким бахшиданд, ваҳдати миллиро барқарор карданд ва Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибтамаддун муаррифӣ намуданд. Аз ин рӯ, истиқболи мушти хоки қаҳрамонони миллат аз ҷониби Пешвои миллат як мулоқоти рамзии ду насли қаҳрамонони Тоҷикистон буд - қаҳрамонони бунёдгузор ва қаҳрамони эҳёгари давлатдорӣ.

Имрӯз рӯҳи Шириншоҳ Шоҳтемур ором аст, зеро Тоҷикистони орзукардаи ӯ вуҷуд дорад. Парчами тоҷикон парафшон аст, забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дорад, миллат соҳиби давлат ва соҳибихтиёр аст. Ин ҳама самараи ҷоннисориҳои фарзандони содиқи миллат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад.

Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ин рӯйдоди таърихӣ бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон ба қадри фарзандони худ мерасад. Миллате, ки қаҳрамонони худро гиромӣ медорад, ҳеҷ гоҳ шикаст намехӯрад. Бозгашти мушти хоки Шириншоҳ ба Ватан бозгашти адолати таърихӣ, эҳёи виҷдони миллӣ ва пирӯзии ҳақиқат бар фаромӯшист.

Рӯҳи Шириншоҳ бархез, Тоҷикистони соҳибистиқлол қомат афрохтааст. Ормонҳои шумо зиндаанд. Давлати тоҷикон побарҷост. Ва имрӯз дар фазои озоду соҳибистиқлоли Ватан номи фарзандони ҷоннисори миллат бо эҳтиром ва ифтихор садо медиҳад.

Бахтиёрова Н. Б.-декани факултети тиббӣ-профилактикӣ


19.05.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php